расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Соли 2020 ба соҳаи сохтмон беш аз 1,1 млрд доллар сармоягузорӣ равона шуд

. / Иқтисодиёт

Соли 2020 ба соҳаи сохтмон беш аз 1,1 млрд доллар сармоягузорӣ равона шуд

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Сурат: Asia-Plus
Соли 2020 дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, хабар медиҳад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Инчунин соли гузашта барои 13,5 ҳазор нафар хонандагон мактабҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 436 нафар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо бо 577 кат мавриди истифода қарор гирифтанд.

Соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба корҳои сохтмон ҳамагӣ зиёда аз 11,6 млрд сомонӣ (беш аз 1,1 млрд доллар бо қурби миёнаи соли 2020) сармоягузорӣ равона гардид.
Барои баргузории ташхиси давлатӣ соли гузашта 658 лоиҳа пешниҳод шуд, ки 538-тоаш аз ташхис гузашта, 115-тоаш мавриди баррасӣ қарор доранд ва 3 лоиҳа бекор шуда, баррасии 2 лоиҳаи муваққатан боздошта шудааст.
Айни замон таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру навоҳии кишвар ба охир расида, бо қарорҳои ҳукумат қабул шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.