расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Навалний ба ҳамватанонаш гуфт, аз эътирозҳо наҳаросанд

. / Ҷаҳон

Навалний ба ҳамватанонаш гуфт, аз эътирозҳо наҳаросанд

Раҳбари ҳабсшудаи мухолифони Русия Алексей Навалний аз тарафдоронаш хост, ки ҳафтаи дуюм низ ба хиёбонҳо барои эътирозҳои дастаҷамъӣ бароянд, ин дар ҳолест, ки мақомот таҷаммӯъҳои сулҳомези мардумро саркӯб карда ҳушдор додаанд, ки ба қавлашон, дар давраи пандемия, ҷамъ нашаванд.
Дар номае, ки рӯзи 28-уми январ баъди тасдиқи ҳукми ҳабси 30-рӯзаи Навалний дар вебсайташ нашр шуд, даъват мешавад, ки мардум тарсро дар канор гузошта, ба эътирозҳои нав бароянд. Навалний гуфтааст: «Берун бароед, аз чизе натарсед. Ҳеҷ кас намехоҳад дар кишваре зиндагӣ кунад, ки он ҷо истибдод ва фасод ҳукмрон аст. Аксарият аз мо пуштибонӣ мекунанд».
Навалний ва тарафдоронаш ният доранд рӯзи 31-уми январ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои сартосари Русия дубора ба намоишҳои эътирозӣ бароянд. Мақомот дар рӯзи аввали эътирозҳо 23-юми январ даст ба саркӯбҳои шадид зада, ҳудудан 4 ҳазор эътирозгарро боздошт намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.