расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани маблағи пулӣ ва телефони мобилӣ

. / Ҳаводис

Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани маблағи пулӣ ва телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки 25-уми январи соли 2021, тахминан соати 22:00, дар назди Маркази дилхушии “Ҳалевард”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Румии ноҳияи Ҷ.Балхӣ 2-нафар шахсони номаълум ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дохили ҷайбаш 700-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-51”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.