расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон 6 парвози чартерӣ анҷом мешавад

. / Ҷомеа

Имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон 6 парвози чартерӣ анҷом мешавад

Ҳамчунин рӯзи 31-уми октябр низ се парвоз анҷом дода мешавад.

Сурат: хадамоти матбуоти ширкати "Сомон Эйр"
Тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати корҳои хориҷӣ, имрӯз аз шаҳри Маскав се парвоз ба самти Душанбе ва ҳамчунон як парвоз аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Уфа ба Душанбе анҷом дода мешавад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мувофиқи ин ҷадвал ҳамчунон рӯзи 31-уми октябр низ се парвоз аз Макскав ва ҳамчунон як парвози дигар аз Красноярск ба Душанбе сурат мегирад. Тибқи ин ҷадвал парвозҳои чартерӣ то 31-уми октябр муайян шудаанд, аммо то ҳанӯз масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия маълум нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро ҷиҳати барқарор кардани паврвозҳои маъмулӣ ба мақомоти Русия изҳор дошта буд.
"Дар сурати омода шудани Русия, Тоҷикистон омода аст парвозҳоро барқарор кунад, вале ин ба вазъи эпидемиологӣ дар Русия ва тасмими мақомоти ин кишвар вобаста аст",-гуфтаанд дар сафорат.
Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар пандемияи короновирус қатъ шудаанд. Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.