расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК НАФАРРО БАРОИ ПОЙМОЛ КАРДАНИ ГАНДУМЗОРАШ БО ТАБАР ЗАДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК НАФАРРО БАРОИ ПОЙМОЛ КАРДАНИ ГАНДУМЗОРАШ БО ТАБАР ЗАДААСТ

СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК НАФАРРО БАРОИ ПОЙМОЛ КАРДАНИ ГАНДУМЗОРАШ БО ТАБАР ЗАДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз як муноқишаи хунин хабар дод, ки байни ду нафар дар ноҳияи Зафаробод дар заминаи як кори зоҳиран ночиз ба вуқӯъ пайвастааст.
Бино ба иттилои нашршуда, марди 56-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони таҳдиди одамкушӣ дастгир карда шуд. Худи дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи ВКД, гумонбаршаванда, 29-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:00, ҳангоми корҳои саҳроӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Меҳнатобод аз сабаби поймол кардани ниҳолҳои ғалладонааш бо марди 40-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷанҷол карда, ҳангоми муноқиша бо табар як маротиба ба дасти рости ҷабрдида задааст ва ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, таҳдиди куштан намудааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 120 КҶ ҶТ оғоз кардаанд. Ба сокини Зафаробод бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.