расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » НАШРИ ВИДЕОҲОИ РАҲПАЙМОИИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ ДАР ХОРУҒ ВА БОЗИИ ФУТБОЛЕ, КИ БО САНГПАРТОӢ ВА ҶАРОҲАТ БАРДОШТАНИ 21 НАФАР АНҶОМ ЁФТ (2 ВИДЕО)

. / Ҷомеа

НАШРИ ВИДЕОҲОИ РАҲПАЙМОИИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ ДАР ХОРУҒ ВА БОЗИИ ФУТБОЛЕ, КИ БО САНГПАРТОӢ ВА ҶАРОҲАТ БАРДОШТАНИ 21 НАФАР АНҶОМ ЁФТ (2 ВИДЕО)

Дар Интернет видеоҳои раҳпаймоии мухлисони футбол дар шаҳри Хоруғ ва худи бозии футболи байни дастаҳои маҳаллаҳои Гулекен ва Бархоруғ, ки шоми якшанбе бо муноқишаи оммавӣ анҷом ёфт, нашр шудаанд.
Тавре ВКД Тоҷикистон хабар дод, шоми 19 сентябр, тахминан соати 20 байни мухлисони футбол аз маҳаллаҳои Гулакен ва Хоруғи боло (Бархоруғ) дар майдончаи варзишии мактаби №2 дар маҳаллаи Гулакени шаҳри Хоруғ муноқишаи гуруҳӣ рӯй дод. ВКД гуфт, дар ҷараёни муноқиша 21 нафар ҷароҳат бардошта, 20 шишаи тирезаи мактаби №2, 6 мошини шаҳрвандон, 7 шишаи хонаҳои сокинони Гулакен, 6 тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаи тирезаи бинои "Амонатбонк”-ро шикастаанд. Худи бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи маҳаллаи Гулекен анҷом ёфт. ВКД гуфт, ҷустуҷӯи гунаҳкорон идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.