расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Гармиҳои тоқатфарсо дар Тоҷикистон: дар Хатлон аз ҳама зиёд

. / Ҷомеа

Гармиҳои тоқатфарсо дар Тоҷикистон: дар Хатлон аз ҳама зиёд

Дар водиҳои кишвар ҳаво то 40+43 ва ҷанубии ҷумҳурӣ то 47 дараҷа гарм мешавад, ки мақомот дар робита ба ин аз шаҳрвандон хостаанд, эҳтиёткор бошанд

Дар Тоҷикистон гармои шадид идома дорад.
Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 0+5 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Суғдро бошад, ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилоят борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Дар водиҳо ҳаво шабона 21+26 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Гармииҳои аз ҳад зиёд Хатлониёнро интизор аст.
Дар ин минтақа ҳаво ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 36+41 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои пойтахт бебориш пешгӯӣ мешавад. Гармо шабона шаҳри Душанбе 22+24 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа хоҳад буд.
Қаблан КҲФ аз гармои шадид ҳушдор дода, аз сокинон хоста буд, ки тайи рӯзҳои гарм бештар мувозиби кӯдакон ва калонсолон бошанд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.