расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Нокомии футболбозони тоҷик дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»

. / Варзиш

Нокомии футболбозони тоҷик дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»

Дар ҷадвали гурӯҳ тими Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт ҳунарнамоии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ анҷом дод.

Ба иттилои ФФТ, барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими Тоҷикистон бояд дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «А» бар тими Ӯзбекистон пирӯз мешуд. Дар қисми якуми вохӯрӣ натиҷа ба фоидаи дастаи мо – 1:0 буд. Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 13-ум бо зарбаи зебои ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Вале дар нимаи дувум футболбозони тоҷик ба дарвозаашон панҷ голи беҷавоб сар доданд. Дар натиҷа яккачини Ӯзбекистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба ба даст овард.
Дар бозии дигар тими Уммон бар дастаи Туркманистон – 2:0 пирӯз шуд.
Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ӯзбекистон нуҳ имтиёз ба даст оварда, мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дуюм насиби тими Уммон (4 хол) гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ карда, бо ду имтиёз дар ҷои сеюм қарор гирифт. Тими миллии Туркманистон зинаи охиринро ишғол намуд (1 хол).
20-уми июн тимҳои миллии Уммон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ хоҳанд кард. Дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар финали мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» вомехӯранд.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Петр Сегрт масъулияти бохт аз тими Ӯзбекистонро пурра ба дӯши худ гирифт.
“Қабл аз ҳама, тими Ӯзбекистонро бо пирӯзӣ тарбик мекунам. Дар бозиҳои пешина мо неруи зиёд сарф карда, то имрӯз хаста шудем. Қисми аввалро хуб гузаронида, дар қисми дуюм хастагӣ эҳсос кардем. Ман хато карда, дар танаффус бозингаронро иваз кардам. Мураббиён ҳам хато мекунанд. Ба фикри ман, ҳисоби бозӣ адолатнок нест. Дар қисми дуюм мо ба худамон монанд набудем, ҳарфи ҳар кори хостаашро анҷом дод. Масъулияти бохти имрӯзаро пурра ба дӯши худ мегирам”, - изҳор доштааст ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.