расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Абхазия ду зани тоҷикистонӣ ҳар кадоме ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд

Асосӣ / Ҷомеа

Дар Абхазия ду зани тоҷикистонӣ ҳар кадоме ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд

Суди шаҳри Сухуми нисбати ду зани шаҳрванди Тоҷикистон Нилуфар Бозорова ва Майдагул Раҳимова барои фурӯши маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд ҳукми айбдорӣ содир кард.

Тавре ки Прокуратураи генералии Абхазия хабар медиҳад, ин ду зан дар ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовари метадон бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шудаанд.
Вазни метадон ҳамагӣ 11,42 граммро ташкил додааст.
Барои содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар банди “в”, қисми 3, моддаи 224 (фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори зиёд)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Абхазия, Н.Бозороваи 22-сола ба 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 600 ҳазор рубл ба нафъи давлат ва М.Раҳимова ба 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 700 ҳазор рубл ба нафъи давлат маҳкум шуданд. Ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки Бозорова ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, Раҳимова айбро ба дӯш нагирифтааст.
Дар бораи дигар ҷузъиёти парванда, аз ҷумла чӣ гуна ба Абхазия омадани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар кадом ҳолат боздошт шудани онҳо хабар дода намешавад.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.