расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Абдуҷаббор Азизӣ бо Сян Хуншан мулоқоти видеоӣ баргузор намуд

. / Сиёсат

Абдуҷаббор Азизӣ бо Сян Хуншан мулоқоти видеоӣ баргузор намуд

10 сентябр бо дархости Ҳизби Коммунистии Чин мулоқоти онлайнии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Сян Хуншан баргузор гардид. Дар ин бора аз ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқоти видеоӣ аз ҷониби ҲХДТ инчунин муовини раиси ҳизб Асрор Латифзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ва аз ҷониби Чин хонум Ван Мин – муовини директор, Ли Ин – сардори бахш ва Чэн Тенан – муовини сардори бахши Раёсати шашуми шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Ҳизби коммунистии Чин иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сян Хуншан дар сатҳи баланд баргузор шудани Анҷумани XIV ҲХДТ-ро ба роҳбарияти олии ҳизб ва кулли аъзою ҷонибдорони ин неруи созанда табрик гуфт.
Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ мухтасар оид ба ҷараёни баргузории Анҷумани XIV ғайринавбатии ҲХДТ маълумот дода, таъкид намуд, ки ҳамаи масъалаҳои ба рўзнома воридшуда баррасӣ гардиданд. Дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсие, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби ҳамаи музокирачиёни Анҷуман номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид ва ин пешниҳод аз тарафи ҳамаи вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт.
Зимни суханронӣ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки давлати мо дар арафаи боз як маъракаи муҳими сиёсӣ — Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Раванди интихобот масъалаҳои мухталиф пеш мегузорад, ки ҳал ва ба инобат гирифтани онҳо талаби рӯз аст. Махсусан дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократиро собитқадамона пайгирӣ менамояд, рў овардан ба интихобот ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои бузурги инкишофи ҷомеа амри воқеист. Бо пешниҳоди далелҳои мушаххас зикр шуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмўъ  иҷро гардиданд.
Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро фаро мегирад. Аз тарафи Абдуҷаббор Азизӣ махсус таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии номзади худ се имконияти ҷиддӣ дорад: якум — таҷрибаи бузурги сиёсӣ; дуюм — собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм — неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди ақидаҳои ҳизбӣ.
Муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Сян Хуншан инчунин дуруди самимии роҳбарияти раёсати байналмилалии Ҳизби коммунистии Чинро ироа намуда, таъкид дошт, ки воқеан номзади ҲХДТ бо масъулияти бузург ҳадафҳои ҳаётан муҳимро дар барномаи пешазинтихоботии худ гузоштааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни шарикии стратегии кишварҳои ҳамҷавор мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Таъкид карда шуд, ки аз рӯзҳои нахустини паҳн шудани бемории пандемияи коронавируси нав –COVID-19 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мактуби ҳамдардӣ ирсол намудаанд, ки ин нишонаи олии ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ маҳсуб меёбад. Хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва маҳкум кардани дахолати кишварҳои дуюм ба корҳои дохилии мамлакат мавқеи мушаххас дошта бошанд.
— Ҷониби Чин  ба Тоҷикистон барои ҳамовозии мунтазам ва дастгирӣ аз иқдомҳои шоистаи кишвар дар арсаи байналхалқӣ изҳори сипос менамояд, — гуфт Сян Хуншан.
Абдуҷаббор Азизӣ оид ба самтҳои серпаҳлўи ҳамкории шарикони стратегӣ ибрози назар намуда, тақвият бахшидани ҳамкории ҳизбиро байни ҲХДТ ва ҲКЧ зарур донист.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби даврони Истиқлол аз рўзҳои нахустини таъсиси худ бунёди давлати демократӣ ва дунявиро, ки ба принсипи таъмини зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванд такя мекунад, ҳадафи асосии хеш қарор додааст.
— Барои расидан ба ин ҳадаф мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат силсилаи корҳоро анҷом дода, ҷиҳати расидан ба 4 ҳадафи стратегии мамлакат талош дорем, — зикр намуд А. Азизӣ.
Зимни мулоқоти видеоӣ ҷонибҳо ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин ва ҳамкории ҲХДТ бо ҲКЧ баҳои баланд дода, хостгори идома додани ин иртиботи ҳасана ва мутақобила шуданд.
Ҳамчунин зимни суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкории ҳизбӣ ва пайдо кардани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.