Э.Раҳмон таҳкими қонунгузориро дар Тоҷикистон сабаби ваҳдати комил гуфт


Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Арманистон аз таърих, таҷриба, рушд ва саҳми парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таҳкими қонунгузориро боиси ваҳдати комили сартосарӣ гуфт
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур 14 июн дар доираи сафари расмӣ дар Арманистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоян дидор ва мулоқот кард. Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба аз ҷумла рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. "Эмомалӣ Раҳмон аз таърих, таҷриба, рушд ва саҳми парламентаризми тоҷик ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки таҳкими қонунгузорӣ дар кишвари мо боиси ваҳдати комили сартосарӣ гардид", — омадааст дар иттилоъия.
Раисҷумҳур изҳори умедворӣ кард, ки Маҷлиси миллии Арманистон чун Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шукуфоию пешрафти ҷумҳурии дӯсту бародари Арманистон хизмати арзанда менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон умедвор шуд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар ҳамчун сохторҳои қонунбарор минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда мегузоранд. Қабалан раисҷумҳури Тоҷикистон бо кишвардори Арманистон мулоқот кард, ки хулосаи он имзои нӯҳ санади нави ҳамкорӣ шуд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон