расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муҷоҳид: Бегонагон дар пайи танишофаринӣ миёни Афғонистон

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Муҷоҳид: Бегонагон дар пайи танишофаринӣ миёни Афғонистон

Мақомоти толибҳо доман задан ба бархе мушкилоти марзиро натиҷаи дасисасозии бегонагон барои эҷоди таниш миёни Афғонистону кишварҳои ҳамсоя донистанд

Ҳукумати толибон талош дорад масоили марзиро бо ҳамсоягонаш бо музокира ҳал намояд, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳалӣ дар истинод ба Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати толибҳо.
“Мо талош кардем масоили ҷузъӣ дар марзҳо ба мушкилоти бузургтар табдил нашаванд ва кишварҳои ҳамсоя низ бо ин масоил бо хунсардӣ бархӯрд кардаанд ва рафтори онҳо мантиқӣ будааст”, - гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Вай афзуд лозим аст масоили марзӣ ба сурати асосӣ ҳал шавад то даргири мушкилот нашавем.
Дар ҳамин ҳол оқои Муҷоҳид боз шудани сади Камол Хонро ба рӯй Эрон таъйид кард.
Сухангӯи толибҳо дар бахши дигаре аз суханонаш боз шудани даричаҳои сади Камол Хонро дар паии селобҳои ахир таъйид ва тасреҳ кард: дар ин авохир, ки боронгариҳо афзоиш ёфтааст, тақозои мардуми Нимрӯз ҳам боз шудани ин сад буд, ки ҳам мардуми Нимрӯз ва ҳам мардуми Эрон аз он баҳраманд шаванд.
“Мо ба муоҳидаи ҳаққобаи Ҳирманд, ки дар соли 1351 байни Эрону Афғонистони имзо шудааст пойбанд ҳастем”, - афзуд Муҷоҳид.
Инчунин ин мақоми аршади ҳукумати толибҳо аз тамдид нашудани муофияти сафарҳои мақомоти ин гурӯҳ интиқод кард ва афзуд, набояд аз СММ истифодаи абзорӣ шавад.
“Мо хостори тафоҳум ҳастем ва замоне бо кишварҳои дунё метавонем зиндагӣ кунем, ки таҳти аъмоли фишор қарор нагирем” – қайд кард сухангӯи толибҳо.
Муҷоҳид таъкид кард, ки тамдид нашудани муофияти сафарҳои мақомоти толибон пайомадҳои ногуворе барои мардуми Афғонистон хоҳад дошт ва масъуляти он бар ӯҳдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Вай ҳамчунин бо ишора ба интишори хабарҳое аз гаштзании ҳавопаймоҳои бесарнишин дар осмони Афғонистон гуфт, ин ҳавопаймоҳо мутааллиқ ба Амрикостанд ва толибҳо дар ин маврид гуфтугӯ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.