расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Калашников”-и Ҳабиба муқобили Толибон*

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

“Калашников”-и Ҳабиба муқобили Толибон*


Ҳабиба Хоҳушӣ дӯшизае аз аҳолии дараи Хоҳӯши шаҳристони Хӯсти вилояти Бағлон, якка ва танҳо дар баробари толиб меҷангад, ӯ сарафрозтарин сарбози озодист!
Рӯзи ҷумъа Толибон падар ва бародарашро куштанд, аз ҳузури Ҳабиба ва дигар аъзои хонавода дар маросими тадфини онон ҷилавгирӣ карданд. Рӯзи душанбе мутобиқи расм ва ривоҷи деҳкада барои падар ва фарзанд (Сабзмуҳаммад ва Муҳаммадёр) маросими хатми Қуръон ва хайрот гирифта буданд. Мардуми русто, ки рӯзҳои сахтеро дар ҷанг сипарӣ карда буданд, бо вазъияти парешон ва нигарон аз оянда машғули тадоруки нони чошт барои азодорон буданд, ки дастае аз Толибон ба маҳал ҳуҷум меоваранд, ба рӯйи мардум ва деворҳои ҳавлии Сабзмуҳаммад ва ҳатто дегу косаи хайрот шиллик мекунанд, дегҳоро вожгун мекунанд, бо садои баланд дашном медиҳанд ва минтақаро ваҳшат фаро мегирад.
Ҳабиба мутобиқи расми русто дар чаҳордевори хона бо дардҳову ранҷҳои бепоён ва устухонсӯзи марги ҳамзамони падар ва бародараш даст ба гиребон аст. Шунидани сару садои қотилони падар ва бародараш барояш дарду озори зиёд аст, ба болохона меравад, он ҷо, ки ҳанӯз туфанги падараш дар кунҷи хона истода ба девор такя кардааст. Туфангро рӯйи даст мегирад, каме сангин аст. ПиКо (пулемёти Калашников) чандон ҳам аслиҳаи сабук нест, атри дастони падарро аз рӯйи туфангаш ҳис мекунад, ашкҳои чашмҳояш дар ин чанд рӯз аз фарти гиристан хушк шудааст. Охир хунҳои сурхи падар ва бародари ҷавонаш ҳанӯз тозаи тоза аст.
Туфанги падар ва тирдонашро ҷо ба ҷо мекунад, рӯйи он даст мекашад. Ӯ бо корбурди туфанг ва пур кардани тири ПК ва хишобҳои Калашинков бегона нест. Ӯ фарзанди фармондеҳ ва хоҳари сарбози озодист, ки ҳарду дар муқовимат бо душман ба шаҳодат расидаанд.Дар беруни ҳавлӣ сару садо бештар мешавад. Толибон ба ҳавову замин ва дару девору дегу дегдон шиллик мекунанд ва арбада мекашанду дашном медиҳанд. Буғзи сангин гулӯи Ҳабибаро фишор медиҳад, тоқаташ тоқ шуда, ҳарчӣ фикр мекунад, чизи дигаре ба ҷуз аз ҷони танҳояш барои аз даст додан надорад. Хунаш ба ҷӯш меояд, аз панҷараи болохонаи падараш сангар месозад. Сангаре, ки дар нуқтаи ҳоким бар даруну беруни ҳавлист. Вақте фазоро мусоид мебинад, бидуни андактарин тааллул болои қотилони падар ва бародараш шурӯъ ба оташборӣ мекунад. Ҷанг миёни Ҳабиба ва гурӯҳи Толибон ҳадди ақал як соат давом мекунад. 5 тан аз онон шадид ва сатҳӣ захмӣ мешаванд ва боқимонда барои таҷдиди қувва ва расидагӣ ба захмиҳояшон фирор мекунанд.
Пеш аз расидани лашкари кӯмакии Толибон, Ҳабиба туфанги ПК-и падариро ба шона меандозад ва бо ду қурс нони хушк ба кӯҳҳо паноҳ мебарад. Кӯҳ сангаргоҳи озодагони кӯҳистон аст!Кӯҳҳои бахшдори Хӯст паноҳгоҳҳои беназире барои ҷангҷӯёин бумӣ аст, ки ҳанӯз ёдгориҳо ва нишонаҳои даврони ҷанг бо Артиши Сурхи Шӯравӣ дар рӯйи сахраҳову шах ва камарҳои он дида мешавад, чун сахраҳои сахт ва мағораҳои фурӯрафта дар дили кӯҳҳо махфигоҳи ҳазорон хӯстӣ буд, ки аз тарси бомбаафганҳои Шӯравӣ ба домони он паноҳ мебурданд, сахраҳое аз навъи санги хоро (гранит) сахтанд ва амвоҷи ларзиширо мухтал мекунад. Мардумони ин диёр ангор сахтӣ ва мавҷшиканиро аз ҳамин сахраҳо фаро гирифтааст.
Ин севумин шаб аст, ки Ҳабиба ба танҳоӣ ва бо такя бар ҳамин сахраҳои сахти кӯҳсорони сарзаминаш, устувор ва бо виқор тирҳои оганда аз нафрату интиқом ва сӯзу гудозҳои занонаашро ба пешонии душман нишона гирифтааст, ки чизе камтар аз дарандатарин ҳаюлоҳои замона надоранд, то акнун се маврид амалиёти бузурги Толибон барои дастгирии Ҳабиба натиҷае надоштааст.
Мӯсафедон, хешовандон ва мутанафзини маҳалл талошҳои зиёдеро барои водор кардани ин гранити сахт ба даст кашидан аз ҷанг анҷом додаанд, ки ҳанӯз ба ҷое нарасидааст.
Дар охирин маврид бомдоди имрӯз, ки як рӯҳонии маҳаллӣ бо паёми тазмини Толибон ва мардуми маҳалл назди ӯ рафтааст, Ҳабиба барои ӯ иҷозаи наздик шудан ба сангарашро надода ва гуфтааст, "гузаштагони қотилони падар ва бародарам бо савганд ба Қуръони Карим барои Ҳабибулло Калаконӣ ҳам муҳр карда ва амон дода буданд, бо ӯ чӣ карданд, ки бо ман накунанд? Ин гурӯҳ ба ҷуз аз ҷаҳолат ва куштори инсон магар ба арзиши дигаре ҳам вафодор будаанд, ки ман ба замонаташон эътимод кунам?"
Возеҳ аст, ки Ҳабиба дар як фазои комилан номусоид ва дар набарде ба вазоҳат нобаробар барои посдорӣ аз хуни падар ва бародари ҷавонаш сангар гирифтааст. Натиҷаи ин истодагӣ ҳарчӣ бошад, паёми ҷовидонааш ин аст, ки имрӯз занон на танҳо ними пайкараи ҷомеа ҳастанд, балки тамоми пайкараи иқтидор, иззат, озодагӣ, сарфарозӣ ва мавҷудияти мо ва сарзамини мо дар гарави нақш, ҷойгоҳ ва таъсири занон дар сиришт ва сарнавишти имрӯз ва фардои ҷомеаи мост.
Ҳабиба аз сулолаи Таҳмина ва Робия дар қалби таърих, ҳамсангари танҳои духтарони кӯбонӣ дар баландиҳои Ҳиндукӯш, аз насли занон ва духтарони огоҳ ва босалобати сарзамини мост, ки дар як соли гузашта чашм дар чашми хунхортарин ва ваҳшитарин гурӯҳи мусаллаҳи мусаллат бар кишварашон истода ва барои нон, кор ва озодӣ мубориза кардаанд.
Шино кардан дар ҷиҳати мухолифи амвоҷи дарё кори касонест, ки медонанд чӣ сарнавиште дар интизорашон аст, аммо радди пояшон барои ҳамешаҳои таърих боқӣ мемонад. Милаи туфанги Ҳабиба ин сангардори озода, раҳбар ва фармондеҳи ҷасур ва босалобат дар ҷомеаи суннатӣ ва ақибмонда, ки ҳанӯз то парвариши зарфияти баробаре дар конунҳои мухталифи он фарсангҳо фосила дорад, инсонияти дар банд ва ақлонияти асир ва бистарҳои тафаккури толибониро низ нишона рафтааст.
Маънои истодагии Ҳабиба дар баландиҳои Ҳиндукуш ин аст, ки ҷаҳониён бидонанд ё надонанд, бихоҳанд ё нахоҳанд, мо аз паймудани роҳи душвори озодӣ дар сарзамини асири хеш ногузир ва то расидан ба сарманзили мақсуд, поён додан ба султаи ғосибона ва аҳримании Толибон дар кӯҳнадиёри дардмандамон мутааҳҳид ва собитқадам ҳастем!
18 августи соли 2022
Бознашр аз сомонаи "Сангар"
Баргардонанда: Фирдавси Низом
*Дар Тоҷикистонгурӯҳитеррористӣэътирофшудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.