Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангӣ ва маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО-2017”

 Дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳошияи ҷаласаи ин созмон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи “Остона Опера” дар барномаи рангини консертӣ ва дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО — 2017” иштирок карданд.

Дар расми тантанавии ифтитоҳи намоишгоҳи махсусгардонидашудаи “Остона ЭКСПО — 2017” роҳбарони 20 кишвари олам, намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин дигар намояндагони воломақоми кишварҳо бо технологияи наву муосир ва дигар дастовардҳо, ки ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи “Остона ЭКСПО -2017” ба рӯзҳои баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рост омада, аз барномаи фарҳангии консертӣ, намоиши нурчароғ ва мушакпарронии бардавом иборат буд.

Хадаф аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО -2017” – ро сарони давлатҳо фурсати мусоиди муаррифии дастовардҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ, дарёфти шарикони боэътимод барои рушди равобити дуҷонибаю бисёрҷониба маънидод карданд.

Баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир расид.

Шоми рӯзи 9 июни соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон