расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гумонбарони таҷовуз ба духтари 13-солаи қирғизистонӣ айбҳоро рад карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Гумонбарони таҷовуз ба духтари 13-солаи қирғизистонӣ айбҳоро рад карданд

Дар додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 12 июл муҳокимаи парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 13-сола шуруъ шуд. Дар доираи ин парванда ду корманди пулис ва як шаҳрванде гумонбар мешавад, ки доғи судӣ дорад.

Тимур Султонов, вакили мудофеи ҷабрдида гуфт, дар додгоҳ се шоҳид пурсида шуд.

"Имрӯз айбдоршавандаҳо эътирофи гуноҳ накарданд. Дар ҷаласаҳои додгоҳӣ мо бори дигар мавқеи онҳоро хоҳем шунид", - гуфт вакили мудофеъ.

Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки айбдоршавандаҳо як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд.

Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба бор овард. Фаъолон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.


Сарчашма:озоди

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.