расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазорати дифои Русия теъдоди низомиёни кушташудаи украиниро нашр кард

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Вазорати дифои Русия теъдоди низомиёни кушташудаи украиниро нашр кард

Вазорати дифои Русия талафоти артиши Украинаро дар ҷараёни амалиёти вижа нашр кард.

Департаменти ҳарбӣ хабар дод, ки талафоти ҷуброннопазири артиши Украина 23367 нафарро ташкил додааст.

"Ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёри Вазорати дифои Русия қарор доранд, ҳамчунин аз теъдоди зиёди низомиёни фирорӣ, захмиён ва бедаракшудагон шаҳодат медиҳанд", - омадааст дар гузориш.

Ҳамчунин дар бораи талафоти Горди миллӣ, ки аз асноди Украина ба даст омадаанд, маълумот дода шуд. Дар ин ҳуҷҷат қайд гардидааст, ки талафоти зиёд дар қисми низомии 3057 ва миёни ҷангиёни "Азов" ба қайд гирифта шудааст.

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.