расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарбозон, занон ва захмиён: киҳо дар Мариупол таслим шуданд?

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Сарбозон, занон ва захмиён: киҳо дар Мариупол таслим шуданд?

Дар Мариупол беш аз ҳазор таковарони дарёии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба артиши Русия таслим шуданд.

Ин хабарро намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков тасдиқ кард.

Ба гуфти ӯ, ҳамаи онҳо муҳофизони боқимондаи комбинати металлургии ба номи Илич мебошанд.

"Дар натиҷаи амалиёти муваффақи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва воҳидҳои милитсияи Донетск 1026 нафар низомиёни украинии бригадаи 36-уми баҳрӣ ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шуданд", - гуфт генерал-майор.

Гуфта мешавад, ки 126 нафари онҳо афсар ва 47 нафарро занони сарбоз ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, ба 151 захмӣ дар ҷои ҳодиса ёрии аввалия расонида шуда, пас аз он ба бемористони маҳаллӣ фиристода шуданд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 7 март муовини фармондеҳи баталйони "Восток" Александр Семёнов гуфта буд, ки Мариупол муҳосира шуда, поксозии манотиқи муайяни шаҳр шурӯъ шуд.

Дар миёни воҳидҳои дигари украинӣ дар ин русто полки миллатгароёни "Азов" низ ҳаст, ки дар Русия ифротгаро эътироф шудааст ва алайҳи ҷангиёни онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба иттилоъи милисаи мардумии Донетск, дар деворҳои корхонаи “Азовстал” то 3,5 ҳазор ҷангҷӯ ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардои Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисиҷумҳури Русия.

Дар айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.

Ҳадафи аслӣ дар вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номид.

Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд маротиба онлайн тамос гирифтанд. Ба тарафхо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.


Сарчашма:sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.