расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҳамроҳи "амир"-и боздоштшудаи ДОИШ дар Туркия тоҷикон низ ҳастанд, ё не?

. / Ҷаҳон

Ҳамроҳи "амир"-и боздоштшудаи ДОИШ дар Туркия тоҷикон низ ҳастанд, ё не?




Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки дар миёни ҳамроҳони боздоштшудаи "амир"-и ДОИШ дар Туркия тоҷикон низ ҳастанд, ё на.

Сулаймон Сойлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, рӯзи 1-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки Маҳмуд Озден, "амир"-и як бахши гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар шаҳри Аданаи ин кишвар дастгир кардаанд.
Нашрияи “Ҳуррият”-и Туркия навиштааст, ба дунбол гурӯҳи 12-нафараи ҳамроҳони Маҳмуд Озден боздошт шудаанд, ки аксаран хориҷиҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Дар гузашта даҳҳо тоҷики гумонбар ба узвият дар ДОИШ дар Туркия боздошт шуда буданд ва ин кишвар масири асосии пайвастани тоҷикон ба сафи ҷангҷӯён дар хоки Сурия ва Ироқ дониста мешавад.
Як мақом дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, маълум нест, ки дар он миёни боздоштшудаҳо тоҷикон ҳастанд, ё не. Ӯ гуфт, агар шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, мақомоти турк тамос мегиранд: “Дар ҳолати дигар, агар мақомоти Туркия мегуфтанд, инҳо тоҷик ҳастанд, мо худамон тамос мегирифтем.”

Сулаймон Сойлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, гуфт, ки ҳангоми ҷустуҷӯи манзили зисти "амир"-и ДОИШ нақшаҳои хатарноке пайдо кардаанд. Ӯ аз амалиёти мақомоти турк тавсиф кардааст, ки "одами хатарноке"-ро боздошт кардаанд.
Моҳи октябри соли гузашта Доналд Трамп, президенти ИМА эълон кард, ки Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ дар Сурия кушта шудааст.
Ин гурӯҳ соли 2014 ҳудуде аз Сурия ва Ироқро ишғол карданд ва хилофати худхонда эълон намуданд. Ҳоло дигар ин гурӯҳ ҳеч минтақаеро зери даст надорад, вале боздошти пайравонаш дар кишварҳои гуногуни дунё зуд-зуд расонаӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.