расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » “Савдогар”-и раводид ба Аврупо дар пойтахт дастгир шуд

. / Ҳаводис

“Савдогар”-и раводид ба Аврупо дар пойтахт дастгир шуд

Ӯ бо роҳи фиреб 7 ҳазор доллари шаҳрвандонро азхуд кардааст.


Акси марбута
Сурат: VisaSam.ru
Сокини шаҳри Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз одамон пул гирифта, ваъда медодааст, ки ба онҳо ба Латвия раводид (виза) гирифта медиҳад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як сокини пойтахт ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи декабри соли 2020 сокини 34-солаи шаҳр бо ваъдаи ба ӯ гирифта додани раводид ба Латвия 33,6 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, вале то ҳол на маблағашро барнагардонидаасту на раводид гирифтааст.
“Ҳамчунин ин шахс бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 3 ҳазору 870-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, - қайд мешавад дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки “фурӯшанда”-и раводидҳо боздошт шуда, аз рӯйи ҳодисаҳои дар боло зикршуда тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.