Ҷаласаи ҳукумат: Аз эпидемияи “СПИД” то мина ва офатҳои табиӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат ба масъалаи истифодабарии замин дар кишвар дахл карда, барои истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти он супориш додааст. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”, “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд. 

Инчунин ҳукумат ба парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳо қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кардааст. 

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, дар ҷаласа лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумат Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020, Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019, Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020, Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ баррасӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон аз аъзои ҳукумат иҷрои Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одамро тақозо намудааст. Ӯ хостааст, корҳои тарғиботу ташфиқотӣ доир ба пешгирӣ аз оқибатҳои маргбори ин беморӣ, ки ба солимии ҷомеа ҳатари ҷиддӣ дорад, таҳким ёбанд: "Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин барои тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, таҳким бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, саривақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида дода шуд”.

Дар охири ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои таъмини иҷро ва риояи талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», назорати нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи кишту кори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи ҷашну маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявию байналмилалӣ муваззаф намудаст. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон