Омодагии мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозӣ бо Узбекистон
ДастаимунтахабимиллиифутболиТоҷикистонбораҳбарииУсмонТошевдарДушанбе, инчунин дарварзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ бабозиидӯстонабомунтахабиУзбекистономодагӣмебинад.Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мунтахаби миллии Тоҷикистон то рӯзи 31-уми август дар Душанбе мебошад ва баъдан ба Тошканд сафар хоҳад кард. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев ба ҷамъомад 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ба ҷойи ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, ки дар бошгоҳи худ осеб дидааст, ба тими миллӣ намояндаи дигари «Истиқлол» – ҳимоятгари 20-сола Ваҳдат Ханонов даъват шуд.
Ҳимоятгари “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев, ки дар ихтиёри бошгоҳи худ мебошад, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Тошканд мепайвандад.
Дарвозабони “Истиқлол”-и Душанбе Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия моҳи ноябри соли гузашта корти сурх гирифта буд, тибқи дастури FIFA дар бозӣ бо Узбекистон иштирок намекунад.
ҲайатидастаимунтахабиТоҷикистондарҷамъомадитаълимивутамринӣдарДушанбе:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)