расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Фармони афзоиши маошу нафақа ба иҷро медарояд. Оё тавони харидории мардум боло меравад? ИНФОГРАФИКА

. / Иқтисодиёт

Фармони афзоиши маошу нафақа ба иҷро медарояд. Оё тавони харидории мардум боло меравад? ИНФОГРАФИКА




Акс аз бойгонӣ


Аз аввали моҳи сентябр маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон понздаҳ дарсад боло хоҳад рафт. Коршиносони мустақил мегӯянд, амалан гап сари шохисбандии маош меравад ва бе роҳандозии ислоҳоти фарогири иқтисодӣ боло бурдани маоши мардум имконнопазир аст.
Ин санад, ки аз тарафи раиси ҷмуҳур имзо шудааст, афзоиши музди меҳнати кормандони идораҳои буҷавӣ, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ ва бахшҳои воқеии иқтисодро то 15 дарсад пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин, маоши заминавӣ, ҳадди ақали андозаи нафақа, стипендияҳо низ ба ҳамин миқдор боло бурда мешаванд. Ба маоши вазифавии хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ 10 дарсад зам мешавад.
Иҷроӣ шудани фармон ба дӯши ҳукумати Тоҷикистон аст ва он аз 1-уми сентябри имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ амалӣ мешавад. Вале дар ду соли ахир ду бор 15-дарсадӣ афзоиш ёфтани маош кормандони бахши буҷавиро он қадар хушҳол намекунад. Онҳо мегӯянд, ин ба даромадҳои воқеии онҳо таъсири калон нахоҳад расонд.
ШОХИСБАНДИИ ОДӢ?
Мадина Зуҳурова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст ва тахассуси дараҷаи олӣ дорад, ки маоши аз ҳама баландро дар ин бахш пешбинӣ менамояд. «Дар як моҳ 1100 сомонӣ мегирам. Шавҳарам муҳосиб (бухгалтер) аст, ки 1500 сомонӣ маош дорад. Танҳо орд 250 сомонӣ аст, пули хидматрасониҳои коммуналиро месупорем, харҷи фарзандон, ки дар ниҳоят чизе намемонад", -- нақл кард Зуҳурова.
Ба гуфтаи вай, миёни ҳамкоронаш ҳастанд нафароне, ки бо 600-700 сомонӣ кор мекунанд ва асосан ба умеди фарзандони муҳоҷирашон ҳастанд.
Мушкилоти ба ин монандро мешавад аз ҳазорон корманди бахши буҷа низ шунид, ки маоши моҳона барои масрафоти муқаррарияшон басандагӣ намекунад. Дар бораи хариди амволи манқулу ғайриманқул дар ин гуна мавридҳо сухан намеравад.
Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев ин болобарии маошро "шохисбандии муқаррарӣ бо дар назар гирифтани таваррум дар бахши истеъмолӣ" меномад.
"Ба ибораи дигар, нархҳо ва таърифаҳо боло мераванд, вале тавони харидории мардум кам мешавад. Фикр намекунам, ки боло бурдани маош то 10-15 дарсад ба некӯаҳволии мардум мусоидат кунад", -- тахмин мезанад Чоршанбиев.
Бино ба маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, аз оғози имсол қурби сомонӣ дар баробари доллар 8,7 дарсад баҳогузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 дарсад бештар аст.
САБАДИ БО МУҲРИ КОМИЛАН СИРРӢ?
Дар ҳоли ҳозир маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ($41), маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ – 1447 сомонӣ ($140) аст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомонӣ ($31)-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, арзиши расмии сабади истеъмолӣ ё ҳадди ақали зиндагӣ (дастмузди рӯзгузаронӣ) норавшан мемонад.
Мувофиқи тавсияҳои Кумитаи Созмони Милал дар бахши ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маоши ҳадди ақали кормандон бояд барои ҳамаи аъзои хонавода сатҳи муносиби зиндагиро таъмин намояд.
Сабади истеъмолӣ ё ҳадди ақали зиндагӣ (дастмузди рӯзгузаронӣ) бояд марзе бошад, ки байни истеъмоли кофӣ ва лозимии инсон қарор дошта бошад. Ин меъёр дар қонунгузорӣ дарҷ мешавад ва мувофиқи он давра ба давра бо назардошти таваррум ва боло рафтани нархҳо боло бурдани маош, нафақапулӣ ва ёрдампулиҳо сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ", ки пояҳои ҳуқуқии таъини ҳадди ақали зиндагиро дар кишвар муайян мекунад, дар соли 2009 қабул шудааст, вале ба гуфти коршиносон, фаҳмиши дақиқи нархаш вуҷуд надорад.
"Дар он мафҳумҳои маъмулии ҳадди ақали зиндагӣ, сабади истеъмолӣ, хатти фақр ва ғайраҳо омадаанд. Мувофиқи ин қонун маълумот дар бораи ҳаҷми ҳадди ақали зиндагӣ бояд ҳар се моҳ дар нашрияҳои расмии оморӣ чоп шаванд. Вале амалан дар манбаъҳои бози расмӣ, аз ҷумла дар сайти Оҷонси омор маълумоти семоҳа дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ нашр намешаванд. Ҳамчунин иттилоъ дар бораи механизмҳои ҳисоб кардани ҳадди ақали зиндагӣ, сатҳи фақр ва таркиби сабади истеъмолӣ низ мавҷуд нест", -- тавзеҳ дод иқтисоддони мустақил Назаралӣ Назаралиев.

ЗИНДА МОНДАН БО 50 ДОЛЛАР?
Бо ин баҳогузорӣ коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки нахост номаш бурда шавад, розӣ нест. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кор дар бахши муайян кардани арзиши сабади истеъмолӣ давом дорад ва ниҳоӣ шудани он вақт мегирад.
Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018 ҳар сокини кишвар бояд дар як рӯз 405 грамм нон,
  • 112 грамм гӯшт,
  • 25 грамм моҳӣ,
  • 316 грамм шир,
  • 46 грамм равған,
  • 55 грамм қанд,
  • 455 грамм сабзавот,
  • 340 грамм мева,
  • 252 грамм картошка ё тухми мурғ истеъмол кунад.
Ҳамон замон гуфта шуда буд, ки ҳаҷми ҳадди ақали зиндагӣ дар кишвар тақрибан баробар ба 50 доллар аст.
ОЁ ОХИРИ ИН НАҚБ РӮШНОӢ ДОРАД
"Зарфиятҳои молии давлат маҳдуданд, вале дар панҷ соли ахир маош тақрибан то 40 дарсад боло бурда шуд. Бешубҳа, ин як динамикаи мусбат аст. Ба ҷуз ин, мақомот талош доранд нархҳоро дар бозор назорат кунанд", -- мегӯяд коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон.
Ба гуфтаи иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев, дар бораи даромади воқеии кормандони буҷавӣ, танҳо мешавад пас аз ислоҳоти фарогир ҳарф зад, дар ғайри сурат, сухан танҳо дар мавриди тақлиди он аст. "Норасоии маблағҳои буҷавӣ дар мо ба тақсимоти номуассири ин маблағҳо, муайян кардани аввлавиятҳо ва ношаффофии истифодаи онҳо марбут аст. Бояд вазъро тавассути боло бурдани бахши даромад ислоҳ кард. Зарур аст аз як сӯ бахши хусусиро ҳавасманд кард, ки андозсупорандаи муҳим аст ва аз сӯйи дигар бояд шаффофияти даромадҳо ва мубориза бо фасод дар ҳамаи сатҳо таъмин шавад, ки воридоти маблағҳоро ба хазина замонат медиҳад", -- таъкид мекунад иқтисоддон.
Мувофиқи маълумоти Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон, то охири апрели соли 2020 ҳаҷми қарздорӣ аз маош дар кишвар бо дар назар гирифтани қарзҳо аз соли гузашта 51 миллиону 128,4 ҳазор сомонӣ (бештар аз 5,1 млн. доллар) будааст, ки 9,4 дарсад бештар нисбат ба 1-уми январи соли 2020 мебошад.
Сатҳи аз ҳама баланди қарздорӣ ба ноҳияҳои атрофи марказ (32,4 дарсад аз ҳаҷми умумии қарздорӣ аз маош), вилояти Суғд (30,2 дарсад) ва Душанбе (23,5 дарсад) рост омадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • cococ | Гости

    L'orologi è un accessorio importante nella vita di tutti i giorni. Non sorprende che la maggior parte delle persone cerchi orologi pratici ed eleganti. Gli orologi replica sono l'opzione perfetta per queste persone. Gli orologi replica sono repliche esatte di orologi classici e sono realizzati con materiali di alta qualità. Sono anche molto convenienti e offrono un'ampia varietà di stili.
    orologi replica cinesi
    replica Rolex Datejust
    replica Breitling
    replica Omega

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.