расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус: шумори сироятёфтагон 74 нафар афзуд

. / Ҷомеа

Коронавирус: шумори сироятёфтагон 74 нафар афзуд

Теъдоди умумии шифоёфтагон 95,5%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: ТАСС
То субҳи рӯзи 13 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 704 нафар расид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 74 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 88 нафар боқӣ монд.
Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 81 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 12 ҳазору 133 нафар ё худ 95,5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ният доранд, ки ваксиназании оммавии шаҳрвандонашонро ба роҳ монанд. Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки то исботи самаранокии ваксина, Тоҷикистон онро хариданӣ нест.
То моҳи июни соли 2021 Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки 60%-и аҳолиро бо ваксиназанӣ фаро мегирад. Марҳилаи якуми эмкунӣ (ваксиназанӣ) аз коронавирус дар Қазоқистон эҳтимол моҳи феврал шурӯъ шавад. Ҳукумати Қирғизистон аз Русия, Туркия ва Қазоқистон 100 ададӣ ваксина дархост кардааст то ки озмоиши онро дар хоҳишмандон гузаронад. Президенти Туркманистон дастур дод, ки ваксинаҳои хушсифати зидди коронавирус харидорӣ шаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.