расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Хабарнигори афғону ронандаашро дар Нангарҳор куштанд

. / Ҷаҳон

Хабарнигори афғону ронандаашро дар Нангарҳор куштанд


Маросими видоъ бо Малола Майванд дар Нангарҳор.

Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон як хабарнигори зан ва ронандаашро куштанд. Малола Майванд, барандаи телевизиони “Инъикос”-ро, ки бо ронандааш бо мошин ба самти кор мерафтааст, ҳамлагарони ношинос субҳи 10-уми декабр бо зарби тири туфанг ба ҳалокат расонданд.
Атоулло Хугиёнӣ сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор гуфт, ки ҳодиса дар шаҳри Ҷалолобод маркази маъмурии вилоят рух додааст. Малола Майванд 8 сол боз дар ин телевизион кор мекардааст. Ӯ аз ҷумлаи хабарнигороне буд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занону кӯдакон бештар таваҷҷуҳ мекард.
Ҳеч касе ва ё гуруҳе масъулияти қатлро бар уҳда нагирифтааст, аммо Толибон ва гуруҳи ба ном Давлати исломӣ дар ин вилояти ҳаммарз бо Покистон фаъол ҳастанд. Забеҳулло Муҷоҳид сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ин гуруҳ дар қатли Малола Майванд даст надорад. Аз ин пеш Илёс Доӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Нангарҳорро низ бо насби бомби миқнотисӣ ва ё магнитӣ дар мошинаш куштанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.