расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Падари тоҷики худро меҷӯям…

. / Ҷомеа

Падари тоҷики худро меҷӯям…


Сокини шаҳри  Владивостоки Русия баъди 40 сол падари худро дар Тоҷикистон меҷӯяд. Ин зан акси худ ва акси он  маллоҳеро, ки модари ӯ соли 1978 аз ҳамин мичман ҳомиладор шуда будааст, нашр карда, ҳамчунин телефони худро гузоштааст, то падараш ва ё ягон касе аз наздикони вай аз худ дарак диҳанд. Ӯ менависад: «Падарамро меҷӯям. Ӯ аз вуҷуд доштани  ман хабар надорад. Модари ман соли 1978 дар Владивосток ҳомиладор шуд ва ба падарам чизе нагуфта, аз он ҷо рафтааст. Онҳо баъд аз ин  якдигарро боре ҳам  надидаанд. Падарам  он вақт дар флот, дар як киштии зериобӣ ба ҳайси мичман хидмат мекардааст. Падарам Собир ном доштааст, вале насабашро аз касе пурсида натавонистам. Ман дар оилае, ки маро ба фарзандӣ гирифт, ба воя расидам. Як акси падарам бо шарофати кадом муъҷизае боқӣ мондааст. Мегӯянд, ки ман ба падарам хеле монандам. Хоҳиш мекунам аз падарам, аҳли хонаводаи вай ва ҳамаи онҳое, ки ӯро мешиносанд, аз худ дарак диҳанд. Ман хеле хуш мешавам. Дар зер акси ману падарам. Шумора телефони ман барои алоқа: 8 963 214 63 77.»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.