Cуҳбати телефонии Э.Раҳмон бо Муҳаммад Навоз Шариф

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ин бора дафтари матбуотии сарвари давлат иттилоъ дода мегӯяд, дар рафти сӯҳбат Роҳбари давлат бо нахуствазири Покистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд».

Манбаъ мегӯяд, дар хотимаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сиҳатмандиву комгорӣ дар иҷрои рисолати ӯ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст орзу намуд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон