расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистон мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад

. / Ҷомеа

Тоҷикистон мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад

Агар вакилони Маҷлиси намояндагон бо ин тарҳ мувофиқат кунанд, минбаъд кори фосилавиро қонунгузории меҳнати Тоҷикистон танзим мекунад

Сурат: podrobno.uz
Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад. Ин мавзъуъ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр баррасӣ шудааст.
Вакилон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шавад, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.
Тибқи ин тарҳи пешниҳодӣ “дар қисми 2 лоиҳаи  Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 4 қонуни амалкунанда сархати нав илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ)  машғул ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробар кардашуда мансуб мебошанд, ки  хусусиятҳои танзими меҳнатии ин гурӯҳи кормандонро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”.
Дар Тоҷикистон баъди ҳамагирии коронавируси COVID-19 мавзӯии кори фосилавӣ бисёр доғ шуд. Бархе аз созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон аз оғози ин ҳамагирӣ ба кори фосилавӣ гузаштаанд ва аксари нишасту ҷаласаҳои худро ҳам фосилавӣ доир мекунанд.
Дар сатҳи расмии давлатӣ бори аввал аст, ки ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон талош дорад ин шеваи корро вориди қонун кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.