Ҷасади муҳоҷири тоҷик дар сархати хабарҳои «Life”-и Русия

Шабакаи телевизионии «Life”-и Русия дар сомонаи интернетиаш навореро нашр кардааст, ки ҷасади аз як сохтмони баланд афтидаи  ҷавони тоҷикро дар шаҳри Санкт-Петербург нишон медиҳад.

Дар видеои кӯтоҳе, ки «Life” рӯзи 25 декабр нашр кард, танҳо ҷасади ин ҷавони тоҷик намоиш дода мешавад. Нашрия дар поварақи видео навиштааст, ки ҷавонмарди ҳалокшуда 27 сол дошт ва аз Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Петербург омада буд.

«Life” мегӯяд, ки ин видеоро аз як сокини шаҳри Санкт-Петербург тавассути барномаи «Lifecorr” дарёфт кардааст.

Исми ин коргар то ҳол нашр нашудааст, вале бино ба гузоришҳо, ин муҳоҷири тоҷик субҳи 25 декабр дар яке аз сохтмонҳои маҷмааи истиқоматии ЖК Legenda, як маҷмааи хеле гаронбаҳои Петербург ҳалок шудааст.

ЖК Legenda дар ҳудуди ноҳияи Приморскийи Петербург дар ҳамагӣ чандсадметрии халиҷи Фин аз як тараф ва кӯл ё разливи Лахтинский аз тарафи дигар ҷойгир шудааст.

Ин маҷмааи истиқоматиро ширкати сохтмонии «Legenda Intelligent Development” месозад ва нархи ҳар метри мураббаъи манзилаш аз 130 000 рубл, ё 2000 доллар оғоз мешавад.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои мухталиф беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Фалокатҳо дар ҷойи кор як иллати асосии марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия дониста мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон