расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУАРРИФИИ 30 ЭЛЕКТРОБУСИ ҶАДИД ДАР ДУШАНБЕ

Асосӣ / Ҷомеа

МУАРРИФИИ 30 ЭЛЕКТРОБУСИ ҶАДИД ДАР ДУШАНБЕ

МУАРРИФИИ 30 ЭЛЕКТРОБУСИ ҶАДИД ДАР ДУШАНБЕ
Рӯзи 18 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҳузури шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ маросими муаррифӣ ва қабули 30 электробуси нав баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ, электробусҳои тамғаи “Акиа НЕРӮ” истеҳсоли корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “Акиа Авесто Автоматив Индастри” буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд. 
Электробусҳои “Акиа НЕРӮ” ҳар кадом 12 метр дарозӣ ва 32 ҷойи нишаст дошта, дар умум то 100 мусофирро метавонанд интиқол диҳанд. Ҳамчунин ҳар кадоми ин электробусҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва салқинкунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда , муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. 
 “Акиа Авесто Автоматив Индастри” соли 2018 таъсис ёфтааст. Мудири он Асрор Мирзоев ахиран беҳтарин соҳибкори пойтахт дар соли 2023 эътироф гардида, Шоҳҷоизаи озмуни беҳтарин соҳибкорони соли Душанберо ба даст овард. Хадамоти матбуоти шашрдорӣ гуфт, дар 6 соли охир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр бо 410 автобуси замонавӣ аз ин корхонаи ватанӣ таъмин гардидаанд.
Гуфта мешавад, барои  ҳаррӯза бо барқ таъмин намудани ин 30 электробуси ҷадид дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1” нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ барои 30 электробус бунёд кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.