расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Теъдод ва пули нафақагирон дар Тоҷикистон маълум шуд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Теъдод ва пули нафақагирон дар Тоҷикистон маълум шуд

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон шумораи нафақагирон дар ҷумҳуриро ба ҳолати моҳи июл 769 ҳазор нафар гуфт

Талаботи моҳонаи нафақа дар Тоҷикистон дар як моҳ ба 261 млн сомонӣ баробар аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, аз 333 сомонии соли гузашта ба 375 сомонӣ дар ҷамъбасти нимсолаи гузашта расидааст. Пасттарин нафақа дар ҷумҳурӣ ҳудуди 150 сомонӣ арзёбӣ мегардад.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон афзуд, ки шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи июл 769 ҳазор мебошад.
Шумораи гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон 310 ҳазор нафар, нафақаҳои суғуртавӣ 269 ҳазор ва гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ 190 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон ҳудуди 20% ё худ 159,5 ҳазор нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки шумораашон нисбати соли гузашта 236 нафар ё ин, ки 0,1% кам шудаст.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ, таъкид намуд, ки барои пардохти нафақа ба нафақагирони дорои маъюбият дар як моҳ наздики 52 млн сомонӣ равона мегардад.
Ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюбон дар ҷумҳурӣ ба 324,3 сомонӣ баробар мебошад, афзуд ин ниҳод.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.