Ҷавоне, ки муҳоҷири тоҷикро латту кӯб ва навори онро дар интернет нашр кард, ба зиндон нарафт

 Як сокини 21-солаи Воронеж барои латту кӯби муҳоҷири тоҷик ва нашри навори ин ҳамла дар интернет шартан ду сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ин ҷавон, ки нигоҳи миллатгароӣ доштааст, соли 2015 дар кӯча бо як шаҳрванди Тоҷикистон вохӯрда, ба чашмони ӯ маҳлули тунди “Шок”-ро ҳаво додааст. Муҳоҷири тоҷик талош кардааст, ки фирор кунад, аммо меафтад. Ҷавон ӯро мавриди латту кӯб қарор дода ва ин манзараро дар телефонаш сабт ва баъдан онро дар “ВКонтакте” нашр мекунад.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ин ҳодиса якбора бар пояи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла амале, ки дар натиҷаи ҳисси нажодӣ анҷом шудааст, нашри ин амал дар интернет ва латту кӯб парванда боз шудааст. Аммо додгоҳ ӯро шартан ду сол аз озодӣ маҳрум кардааст. 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон