расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки башардӯстона дарёфт кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки башардӯстона дарёфт кард

Дар Тоҷикистон кумаки ирсолнамудаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул карда шуд.

Ба иттилои сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, дар маросими супоридани кумаки башардӯстона сафири қазоқ Валихон Тӯрахонов ва муовини директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев ҳузур доштанд.

Манбаъ афзуда, ки кумаки ироанамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз даҳ вагони истиқоматӣ иборат аст.

"Бори башардӯстона ба муовини директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурда шуд", - омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, сафири Қазоқистон зимни супоридани кумак таъкид кард, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Қазоқистон буда, муносибату ҳамкориҳои ду кишвари бародар бар асоси дӯстиву ҳамсоягии нек, аз ҷумла дар соҳаҳои гуманитарӣ босуръат рушд ва таҳким меёбанд.

Маврид ба зикр аст, Қазоқистон дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки Тоҷикистон бо он содироти бефосиларо ба роҳ мондааст. Ин кишвар шарики аслии Тоҷикистон дар содироти коло ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти оморӣ, моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулот 470 миллион доллар ва воридот беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамин тариқ 31,3% ҳаҷми умумии содирот ба саҳми Қазоқистон, ки дар харид пешсаф аст, рост омад. Дар маҷмуъ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти коло ба Қазоқистон беш аз 147,2 миллион долларро ташкил додааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.