Иззат Амон дар Маскав боздошт шудааст...


Вакили дифоъ, ҳомии ҳуқуқ ва роҳбари созмони Ҷавонони муҳоҷири точик дар Русия Иззат Амон аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии Якиманкаи Маскав боздошт шудааст.

 

Сабаби боздоштро пулис “тазоҳуроти бидину иҷозат” номидааст. Вале худи Иззат Амон мегӯяд, ки онҳо на барои тазоҳурот, балки барои талаби музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик ҷамъ шуда буданд.

Ӯ бо даъвати муҳоҷирони ҷабрдида ба ширкати ЭЛИТ РУ рафтааст, ки инак шаш моҳ аст музди меҳнати муҳоҷирони тоҷикро намепардозад. Вале баъди занги раиси ин ширкат, пулис ҳамаи ҷамъшудагонро ба иддорааш бурдааст.

Иззат Амон мегӯяд, ҷамъшавии онҳо ҳеҷ шабоҳате ҳам ба тазоҳурот надошт, вале бо “фармоиш”-и раиси ширкат пулис онҳоро боздошт кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон