расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аз бензину орди гарон, то оши палави 3-тоннаӣ: хулосаи хабарҳои ҳафтаи рафта

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Аз бензину орди гарон, то оши палави 3-тоннаӣ: хулосаи хабарҳои ҳафтаи рафта

Бо ҳафтаи рафта моҳи октябр ҷамъбаст шуд. Охири моҳ пур аз рухдоду ҳодисаҳо буд ва он дар як нуқтаи таърих ҳатман, ки нақши худро гузошт.
Ҷасту уфти арзиши асъори хориҷӣ, болоравии арзиши сӯзишвориву орд аз хабарҳои муҳими иқтисодӣ, авҷи фоҷеаи башарӣ дар Афғонистону интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон аз хабарҳои муҳими ҷаҳон, ҷашнвораи оши палав ва ифтитоҳи роҳи Душанбе-Бохтар аз муҳимтарин хабарҳои дохилӣ дар Тоҷикистон буданд.

Аз боло бурдани меъёри бозтамвил то лағжиши арзиши асъор

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то 13,25 дарсад боло бурд. Ба қавли масъулини бонк, чунин иқдом бар асоси пешгӯии таъсири хатарҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисод бо назардошти фишору интизориҳои таваррум гирифта шудааст.
Меъёри бозтамвил меъёри фоизие ба шумор мешавад, ки бар асоси он, бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.
Бинобар тахминҳои коршиносон, дар натиҷаи ин тағйирот фоизи ғарздиҳӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ бештар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол аввали ҳафта дар Тоҷикистон тамоюли болоравии қурби асъори хориҷӣ хеле назаррас буд. Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон наздик ба 6 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби он имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Қариб охирҳои ҳафта хабар дода шуд, ки қурби пули русӣ ва доллар дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфт. 29 октябр тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон поён рафта, 1000 рубл ба 159 сомонию 20 дирам баробар шуд.
Аммо хабари дигари иқтисодӣ, ки сокинонро нигарон мекард, ин гароншавии рекордии арзиши сӯзишворӣ ва орд дар кишвар буд.
Ҳамин тавр 27 октябр хабар дода шуд, ки қимати орд тайи рӯзҳои охир дар бозорҳои кишвар якбора 10-20 сомонӣ боло рафта, як халтаи он ба 270-310 сомонӣ баробар шудааст.
30 октябр тамоюли гароншавии арзиши сӯзишворӣ ба ҳадди рекордиаш расид. Тайи даҳ рӯз нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон беист ва ҳар рӯз ба ҳисоби то 20 дирам баланд мешуд. Агар даҳ рӯз қабл нархи ин навъ маводи сӯхт ҳамагӣ 9,8 сомонӣ буд, 30 октябр ба 11,5 сомонӣ баробар шуд.
Бино ба тоблуи нархномаи ширкатҳо дар Суғд, нархи як литр солярка 11,5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11, 2 сомонӣ, АИ 95 11, 5 сомонӣ қимат дорад. Нархи гази моеъ то 7-8 сомонӣ гуфта мешуд. Дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар қимати чунин маводи сӯхт то 11,6 ва 11,8 сомонӣ афзудааст.
Хушбахтона, як хабари хушбинкунанда ба оянда дар иқтисоди кишвар низ будааст.
30 октябр хабар дода шуд, ки боғдорони шаҳри Турсунзода дар даҳ моҳи соли равон ба Русия ва Қазоқистон беш аз 13 ҳазор тонна навъҳои гуногуни ангур содир намудаанд.
Ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 2020 ду баробар зиёд будааст. Соли гузашта боғдорони шаҳр дар маҷмуъ 6016 тонна ангур содир карда буданд.

Аз сафари Муҳриддин ба Эрон то сафари президент ба Хатлон

Аввали ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба Теҳрон сафар кард.
Вазири тоҷик дар ҳошияи сафар бо ҳамтои эронияш ва раисҷумҳури Эрон Сайидиброҳими Раисӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқотҳо изофа бар баррасии муносибатҳои ду кишвар вазъи Афғонистон дар меҳвари таваҷҷуҳ буд.
Эрону Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ташкили як ҳукумати фарогир, иборат аз тамоми қавму гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон таъкид намунданд.
27 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон сафар кард, ки он дувумин сафари президент дар моҳи равон ба минтақа буд.
Дар доираи сафари кишвардор дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлон, бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дод.
Ҳамчунин президент марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди байналмилалии Душанбе — Бохтарро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дод.

Аз оши сетоннаӣ дар Душанбе то намоиши филми тоҷикӣ дар Барселона

Ҳаёти фарҳангии кишвар тайи ҳафтаи равон рангин буд.
25 октябр хабар дода шуд, ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковскийи Тоҷикистон дар Фестивали театрҳои русӣ, ки дар се шаҳри Русия баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Фестивали мазкур, ки аз 23 октябр шуруъ шуда буд, то 12 ноябр идома мекунад. Ҳунармандони ин театр дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Русия бо намоишҳои театрӣ дар назди тамошобинон ҳунарнамоӣ мекунанд.
26 октябр дар шаҳри Пекин озмуни "Пули чинӣ", ки ҳамасола барои донишҷӯёни хориҷ баргузор мешавад, ҷамъбаст гардид.
Барои бори нахуст дар ин озмун донишҷӯи тоҷик дар миёни донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми савумро аз худ карданд.
Ғолибият дар озмун ба Муниса Насруллоева, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд имкон дод, ки ба рӯйхати 15 донишҷӯи беҳтарини донандаи забони чинӣ ворид шавад.
30 октябр Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" хабар дод, ки филми кӯтоҳи бадеии "Этюд"-и муассиса дар Ҷашнвораи 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона намоиш дода мешавад.
Ҷашнвораи 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона аз 14 то 20-уми феврал баргузор мешавад.
30 октябр дар Тоҷикистон рекорди нави ошпазӣ гузошта шуд. Дар ин рӯз дар майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи майдон деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда, дар он 4 нафар ошпаз се тонна оши палав пухтанд.

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон боз ҳам осонтар мешавад

Ҳафтаи равон барои муҳоҷироне, ки ба хонаводаҳояш дар Тоҷикистон маблағ ирсол мекунанд, бобарор буд: чанд бонки Русия якбора хабар доданд, ки интиқоли маблағ ба кишвар осонтар мешавад.
Охирҳои ҳафта бонки русии “Солидарност” хабар дод, ки интиқоли пул ба тамоми бонкҳои Тоҷикистон барои дорандагони “Корти миллӣ” бидуни музд ва аз тариқи барномаи махсуси телефонӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои интиқоли пул танҳо бояд аз барномаи телефонии ин бонк истифода кард.
Манбаъ таъкид кард, ки интиқол аз Русия бо рубли русӣ сурат мегирад, аммо дар Тоҷикистон ба мизоҷони “Корти миллӣ” ин маблағ бо сомонӣ дастрас хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол чанд бонки дигари Русия ба сода кардани интиқоли пул ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ шуруъ карданд. Ҳамин тариқ бисёре аз танзимгарон тарзи интиқоли маблағро ба хориҷа тавассути рақами телефон оғоз кардаанд.
То имрӯз ин тарз танҳо барои муштариёни "Сбера" ва "Тинкофф" дастрас буд. Дар соли 2022 "Юнистрим", МКБ ва "Дом.рф" низ мехоҳанд онро амалӣ кунанд, қайд мекунад рӯзнома.
"Тинкофф" гуфтааст, ки тавассути рақами телефон танҳо бо пули русӣ маблағро ба кишвари дигар интиқол додан мумкин аст. Барои як амалиёт бонк фиристодани на бештар аз 150 ҳазор рублро иҷозат медиҳад. Дар як моҳ зиёда аз якуним миллионро интиқол додан мумкин нест.

Даргузашти чеҳраҳои шинохта

Дар ин ҳафта Тоҷикистон оилаҳои се чеҳраи шинохтаро, мутаассифона, ғамзада кард.
Аввали ҳафта ҳамсари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан Бодиламоҳ Забирова даргузашт. Забирова 73-сола буд ва аз ҳич беморие ранҷ намекашид.
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос ва вакили дифои маъруфи тоҷик низ дар синни 61-солагӣ олами фониро падруд гуфт.
Ӯ дар чандин парвандаи пурсарусадо дар ҷомеаи Тоҷикистон вакили дифоъ буд, ки яке аз онҳо парвандаи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ ва раиси Агентии назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Тоҷикистон маҳсуб мешуд.
Маҳз ҳамин аҷали бераҳм зарбаи дигаре ба илми Тоҷикистон зад: Хаёлбек Додихудоев, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо ва Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр аз олам даргузашт.

Авҷи фоҷеаи башарӣ дар Афғонистон

"Толибон", ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия бештар аз ду моҳ аст, ки Афғонистонро забт карда. Дар ин муддат аз он тарафи Омӯ хабари хуше нест. Бинобар иттилои коршиносон, ки ин ҳукумати худхонда ба мушкилии шадиди молӣ рӯ ба рӯст, наметавонад иқтисоди кишвар, ҳамчунин дигар соҳаҳои давлат, ба даст гирад ва дар натиҷа рӯз аз рӯз кишвар ба фоҷеи башарӣ наздиктар мешавад.
Хабари фарзандфурӯшӣ ё фавт дар натиҷаи гуруснагӣ дар Афғонистон тайи ҳафтаи ахир хело нигаронкунанда буд.
Авали ҳафта, 27 октябр аз гароншавии рекордии арзиши хӯрокворӣ дар Афғонистон хабар дода шуд. Манобеи хабарии ин кишвар навиштанд, афзоиши нарх ба мушкилоти тавлидоти дохилӣ ва хушксолии тобистон марбут аст.
Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, аз таъмини хонаводаҳои худ нигарон ҳастанд ва дар остонаи зимистон нишонаҳои таназзули иқтисодиро мушоҳида мекунанд.
Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ (WFP) иттилоъ дод, ки 22,8 миллион нафар ё беш аз нисфи ҷамъияти 39-миллионнафарии Афғонистон бо масъалаи ҷидии ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки идомаи он ба гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар ин кишвар мунҷар хоҳад шуд. Ин рақам ду моҳ пеш 14 миллион нафар будааст.
Бар асоси ин гузориш, “кӯдакон мемиранд, мардум бо қаҳтӣ ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва вазъ бадтар мегардад. Он чизе ки мо интизор будем, амалӣ шуд. Кобул зуд суқут кард ва иқтисоди кишвар аз он чизе мо интизор доштем, зудтар суқут дорад. Мо намедонем, ки раҳбарони ҷаҳон аз ин вазъ огоҳ ҳастанд ё на”.
Ба гуфтаи коршиносони ин ниҳоди СММ, манобеи молӣ бояд барои таъмини кумакҳои башардӯстона дар дастрас қарор бигиранд ва озод шаванд, то мардуми ин кишвар зинда бимонанд.
28 октябр расонаҳо хабар доданд, ки дар Афғонистон мавориди фурӯши кӯдакон афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, мардум аксари вақт роҳи дигари таъмини оилаҳои худро надоранд, ба ҷуз он ки фарзанди худро фурӯшанд.
Кор то ҷое расидааст, ки ҳоло нархи кӯдак ҳам тағйир ёфтааст. Агар як моҳ қабл дар Бодғис кӯдакро бар ивази 300 доллар мефурӯхтанд, ҳоло қимати он то 550-590 доллар зиёд шудааст, менависад манбаъ.
Аксари шаҳрвандони Афғонистон, ки пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* бе хонаву дар мондаанд ва дар хаймаҳо ба сар мебаранд, ба зиндагии боз ҳам даҳшатоваре гирифтор шудаанд. Нодорӣ агар аз як тараф онҳоро домангир аст, аз ҷониби дигар сард шудани ҳаво сокинонро дар ҳолати ногувор қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, “Толибон”* гузориш дар мавриди марги ҳашт кӯдак бар асари гуруснагиро такзиб кард.
Ҳамчунин хабар дода шуд, омӯзгорон дар Кобул аз “Толибон” хостаанд, қабл аз вуқуи фоҷеаи инсонӣ маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт намоянд, онҳо гуфтаанд, ки се моҳ боз маош нагирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол занон дар Кобул боз даст ба тазоҳурот задаанд. Занон бо шиорҳои "Зан инсон аст!", "Мо гуруснаем!", "Сукути СММ шармандагист!" дар эътироз алайҳи сиёсати толибон дар маркази ин кишвар таҷаммуъ карданд.
Ҳаракати "Толибон"*, ки ваъдаи амният ва мубориза бар гурӯҳҳои террористии дигарро медиҳанд, маълум мешавад, ки аз уҳдаи он ҳам намебарояд.
Чунончи, ДИИШ* боз дар ин кишвар фаъол мешавад.
Расонаҳои маҳалии Афғонистон аввали ҳафта навиштанд, ки дар ин авохир парчамҳои сиёҳи ДИИШ* бештар аз ҳар вақти дигар дар манотиқи мухталифи вилояти Урузгон ба чашм мехӯранд.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ* парчамҳои худро дар вулусволиҳои Деҳровуди вилояти Урузгони Афғонистон барафрохтааст.
Гуфта мешавад, аъзои ДИИШ* низ аз сокинони русто хостаанд, ки бо ин гурӯҳ пайванданд ва ҳамкорӣ кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, ки ДИИШ* барои пайвастани сокинон ба ин гурӯҳ ба масоҷиди рустоҳои Зарталӣ ва Мерчи вулусволии Деҳровуд дархости хаттӣ фиристодааст.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия








Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.