расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”

Асосӣ / Ҷаҳон

Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”

Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”

Онҳоро КДАМ давоми ҳафтаи ҷорӣ дастгир кардааст.


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастикам 9 нафарро барои робита бо гумонбарони ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ва ҳамкорӣ бо Давлати исломӣ* (ДОИШ) боздошт кардаанд.
Ин хабарро як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти қудратии Тоҷикистон тасдиқ кард, аммо маълумоти бештар надод. Ҳамин қадар иттилоъ дод, ки ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Ваҳдат буда, аз сӯйи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ давоми ҳафтаи равон дастгир шудаанд.
Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав, ки беш аз 140 куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт,дар Русия дастикам 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд.
Дар пайи ин , тибқи иттилои хабаргузории русии “РИА Новости”, мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии Русия наздикони гумонбарони боздоштшуданро бозпурсӣ карданд. Бархе наздикони гумонбаронро озод карда, бархеи дигар ҳамоно дар бозпурсӣ қарор доранд.
Яке аз гумонбарон Саидакрам Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба иттилои “Радиои Озодӣ” пас аз ҳамлаи террористӣ мақомоти қудратии Тоҷикистон модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Раҷабализодаро ба Душанбе бурда, бозпурсӣ кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.