расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ 4 КОРМАНДИ ТАШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ “БАРГИ САБЗ” ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР ДАРВОЗ

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ 4 КОРМАНДИ ТАШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ “БАРГИ САБЗ” ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР ДАРВОЗ

ҲАЛОКАТИ 4 КОРМАНДИ ТАШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ “БАРГИ САБЗ” ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР ДАРВОЗ 
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14-уми марти соли 2024, тахминан соати 12:30,дар километри 308-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, байни деҳаҳои Хостав ва Жак ронандаи мошини ҷипи тамғаи “Тойота-Ланд Крузер”, Абдулмуминов Убайдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши тарафи чапи мошини боркаши тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда, Ғуломалиев Назри Абдулалишоевич, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Шуғнон, ки аз самти ноҳияи Мурғоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи ”Тойота-Ланд Крузер” ва мусофирони он; Алиназаров Муяссар Музаффарович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хоруғ, Тағаймуродов Диловар Мирзомуродович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, Музафаршоев Имомназар Худойназарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шуғнон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ин мошин Ҷумъаев Ҷонибек Ҷурамуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ташкилоти ҷамъиятии “Барги сабз” гуфтанд, ки ронанда ва мусофирони ин мошини ҷип кормандони ҳамин созмони экологӣ буданд, ки бо сафари хидматӣ барои роҳандозии як лоиҳаи марбут ба муҳити зист ба Хоруғ сафар доштанд. Ба гуфтаи ҳамкоронашон, мошини кормандони “Барги сабз” дар мавзеи Норинг дар байни деҳаҳои Хостав ва Жаг-Марғи ҷамоати Нулванд дучори садама шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.