расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сабади хайриявӣ”- Иқдоми ҷамъоварии маҳсулоти хӯрока барои ниёзмандон

Асосӣ / Ҷомеа

Сабади хайриявӣ”- Иқдоми ҷамъоварии маҳсулоти хӯрока барои ниёзмандон

Сабади хайриявӣ”- Иқдоми ҷамъоварии маҳсулоти хӯрока барои ниёзмандон.💚
Дар моҳи шарифи Рамазон, ки дилҳои мо пур аз раҳмату меҳрубонӣ мешавад, ҳар яки шуморо даъват менамоем, ки раҳмату ғамхории худро ба ниёзмандон расонед. Вақте, ки мо бо аҳли оилаамон гирди дастархон ҷамъ мешавем, дар бораи онҳое, ки танҳоянд, пиронсолон ва оилаҳои серфарзандро фаромӯш накунем.
Мо бо хушнудӣ эълон мекунем, ки иқдоми “Сабади хайриявӣ” оғоз шудааст, ки ҳадаф аз он кумак ба ниёзмандон аст.
Кӯмак барои кӣ аст?🤔
Пиронсолони танҳо, оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои кӯдаконе, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, маъюбон ва ғайра.
Чи гуна кумак мекунед?😊
🛒Махсулоти дарозмӯҳлатро харед ва қуттиҳои некие, ки дар худи марказҳои савдои мо ҷойгир аст, гузоред.
✅ Маркази савдои «Пайкар» ба таври илова молҳои норасидаро харидорӣ мекунад, ки дар умум барои ҳар як ниёзмандон якхела пакетҳои хайриявӣ ҷамъ менамояд ва волонтёрони мо онҳоро бо муҳаббат ба ниёзмандон мерасонанд.
Якҷоя баҳри наздикон ин моҳи шарифро пур аз хайру саховат мегардонем!
Ба иқдоми  "Сабади хайриявӣ" ҳамроҳ шавед - якҷоя мо метавонем ҷаҳонро беҳтар созем!
Суроғаҳои марказҳои савдои мо, ки дар он иқдом гузаронида мешавад:
— хиёбони Рӯдакӣ 66 (рӯ ба рӯи Дефакто)
- кӯч. Айнӣ 16 б, маркази савдои «Баракат Плаза».
- куч. Айнӣ 57 (дар рӯ ба рӯи Эҷод то милод)
- куч. Яккачинор 148 (ҷойгир - Автовокзал)
- куч. Б.Гафурова 10\б, микрорайони 112.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.