расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Қирғизистон дар натиҷаи тармафароӣ чор сайёҳ аз Чехия ҳалок шудаанд

Асосӣ / Ҷаҳон

Дар Қирғизистон дар натиҷаи тармафароӣ чор сайёҳ аз Чехия ҳалок шудаанд

 Дар Қирғизистон бар асари фаромадани тарма чор сайёҳ аз Чехия ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ба ТАСС дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Иссиқкӯл (Қирғизистон) хабар додаанд.
«Дар дараи Жиргалани вилояти Иссиқкӯл чор сайёҳе, ки аз Чехия омада буданд, зери тарма монда, ҳалок шудаанд», — изҳор намуд котиби матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилоят Сталбек Усубакунов.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сайёҳони чехӣ ба Жиргалан барои лижаронӣ омада будаанд.
Шахсияти ҳалокшудагон муайян гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.