расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОНАНДА ҲУҶҶАТ НАДОШТ... МАРГИ ДУ ЗАН ВА ЯК ДУХТАР АЗ ЯК ОИЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “АУДИ”

Асосӣ / Ҷомеа

РОНАНДА ҲУҶҶАТ НАДОШТ... МАРГИ ДУ ЗАН ВА ЯК ДУХТАР АЗ ЯК ОИЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “АУДИ”

РОНАНДА ҲУҶҶАТ НАДОШТ... МАРГИ ДУ ЗАН ВА ЯК ДУХТАР АЗ ЯК ОИЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “АУДИ”
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати 5 нафар дар 3 садамаи рӯзҳои 29 ва 30 январи соли 2024 хабар дод.
Аз ҷумла шоми 29-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи “Ауди-6”, Дӯстов Муҳаммадюсуф Соҳибҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳринав, дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воистаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Раҳматова Сайрам Бӯриевна, соли таваллудаш 1945, Раҳматова Ҳалима Ҳикматовна, соли таваллудаш 1978, ва ноболиғ Раҳматова Фарзона Диловаровна, соли таваллудаш 2009, сокинони ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст. Дар натиҷа, ҳарсе узви як оила дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД гуфт, ронандаи “Ауди” бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.