расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ 6 ТАНИ ДИГАР ДАР САДАМА ДАР РОҲ БА МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ 6 ТАНИ ДИГАР ДАР САДАМА ДАР РОҲ БА МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ 6 ТАНИ ДИГАР ДАР САДАМА ДАР РОҲ БА МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН
Шоми 20 январи соли 2024 дар як садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Саратов 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 6 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шоми шанбе, 20 январ, соати 19.33 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии деҳаи Мунинои ноҳияи Фёдоров як мошини фура бо минивэн, яъне микроавтобуси тамғаи Hyundai ва мошини боркаши тамғаи "Газел" бархӯрдааст. ГИБДД, пулиси роҳи вилояти Саратов хабар дод, ки ронанда ва ду мусофири минивэн ба ҳалокат  расида, 6 мусофири дигари ин мошин ҷароҳат бардоштаанд. Додситонии вилояти Саратов бидуни зикри номи кишвар гуфт, дар натиҷаи садама дар шоҳроҳи федералии А-298, ки аз шаҳри Энгелс то марзи Қазоқистон тӯл мекашад, "шаҳрвандони як кишвари хориҷӣ осеб дидаанд ". Ҳамсуҳбати РИА Новости гуфтааст, ки "ронанда ва ҳамаи мусофирони минивэн аз  Тоҷикистон буданд”.
Муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, маҷбуранд ҳар сари чанд вақт марзи ин кишварро убур карда, дубора баргарданд, то ки будубош ва фаъолияти кории худро дар Русия дигарбора аз сари хат аз сифр оғоз кунанд. Мутаассифона, ба хусус дар фасли сармо хабарҳои зиёде дар бораи дар роҳ ба марз ба садама  дучор шудани мошинҳои муҳоҷирон ба даст мерасанд. Садамаи охир дар наздикии деҳаи Мунино вақте рух дод, ки то расидан ба гузаргоҳи Озинки, яке аз гузаргоҳҳои аз ҳама пуродам дар марзи Русия бо Қазоқистон ҳамагӣ 155 километри дигар боқӣ монда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.