расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СЕ ТОҶИКИ ҚУРБОНИИ ҚОЧОҚИ ИНСОНРО АЗ АСОРАТУ ҒУЛОМӢ ДАР МЯНМАР (БИРМА) ОЗОД КАРДААНД (АКС)

Асосӣ / Муҳоҷир

СЕ ТОҶИКИ ҚУРБОНИИ ҚОЧОҚИ ИНСОНРО АЗ АСОРАТУ ҒУЛОМӢ ДАР МЯНМАР (БИРМА) ОЗОД КАРДААНД (АКС)

СЕ ТОҶИКИ  ҚУРБОНИИ ҚОЧОҚИ ИНСОНРО АЗ АСОРАТУ ҒУЛОМӢ ДАР МЯНМАР (БИРМА) ОЗОД КАРДААНД (АКС)
Се шаҳрванди ҷавони Тоҷикистонро аз асорат дар Мянмар (Бирма), кишвари бастае дар Осиёи ҷанубу шарқӣ, озод карда, ба Ватан баргардондаанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин се шаҳрванди Ҷумҳурми Тоҷикистон, ки дар Мянмар қурбониёни қочоқи инсонӣ шуда буданд, рӯзи 20-уми январи соли 2024 дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Малайзия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти Шоҳигарии Таиланд, сафорати Мянмар дар Малайзия, ҳамчунин, Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) ва Миссияи байналмилалии адлия (IJM),  ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар бораи кай ва чӣ гуна  ба доми шабакаҳои қочоқи инсон афтодану ба Мянмар рафтани ин се ҷавони тоҷик вазорат ягон маълумот ё тафсилот надодааст ва танҳо гуфтааст, ки “мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои реабилитатсионӣ-психологиро бо шаҳрвандони мазкур мегузаронанд ва чораҳои зарурии профилактикиро барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда ба амал мерасонанд”.
Мянмар, ки то соли 1989 Бирма ном дошт, кишварест бо беш аз 50 миллион аҳолӣ дар Осиёи ҷануби шарқӣ. Мянмар дар қисмати ғарбии нимҷазираи Ҳиндухитой ҷойгир шуда, бо Ҳиндустону Бангладеш, Чину Лаос ва Таиланд ҳаммарз аст. Соли 2021 ҳукуматро дар ин кишвар хунтаи ҳарбӣ ғасб кард. Ба далели баста будани кишвар ва иқтисоди заифаш, Мянмар ҳеҷ гоҳ масири ҷаззобе барои муҳоҷирати корӣ ба шумор намерафт ва ин бори аввал аст, ки дар бораи ба Мянмар рафтану дар онҷо дар доми шабакаҳои қоҷоқбар дармондани шаҳрвандони тоҷик хабар нашр мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.