расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МОШИНИ РАИСИ ҲИЗБИ ҲОКИМ ДАР КӮЛОБ ОТАШ ГИРИФТААСТ: БАРҚАСД БУД Ё НУҚСИ ФАННӢ?

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

МОШИНИ РАИСИ ҲИЗБИ ҲОКИМ ДАР КӮЛОБ ОТАШ ГИРИФТААСТ: БАРҚАСД БУД Ё НУҚСИ ФАННӢ?

МОШИНИ РАИСИ ҲИЗБИ ҲОКИМ ДАР КӮЛОБ ОТАШ ГИРИФТААСТ: БАРҚАСД БУД Ё НУҚСИ ФАННӢ?
Чанд рӯз боз дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он хабари оташ гирифта, сӯхтани мошини хидматии раиси шуъбаи шаҳрии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба як мавзӯи вирди забонҳо табдил ёфта, овозаҳои мухталиферо ба вуҷуд овардааст. Бархе мегӯянд,  иллати оташ гирифтани мошини тамғаи “Шкода” нуқси фаннӣ буд, бархе аз эҳтимоли барқасдона оташ задани мошини намояндаи ҳизби ҳоким суҳбат мекунанд.
Ин ҳодиса рӯзи 5 январи соли 2024 рух дода, худи Салим Сайвализода, раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлобро бо пои шикаста ба бемористон бурдаанд. Дар бемористони вилоятии Кӯлоб ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтаанд, пои рости Сайвализода шикаста буд, вале феълан саломатиаш хуб аст.
Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии Кӯлоб ба ин расона гуфтааст, мақомот бояд муайян кунанд, ки мошини хидматии раиси ҳизби ҳокимро қасдан оташ задаанд ваё он ба иллати ягон нуқси фаннӣ оташ гирифтааст? Ба гуфтаи ӯ,  мошини "Шкода"-ро ба ташхис фиристодаанд ва натиҷаи ташхисро мунтазиранд. Муфаттишон ҳамчунин аз соҳибони дӯконҳои наздик ба макони ҳодиса наворҳои сабткардаи дурбинҳои назоратиро талаб кардаанд."Ҳозир мошини “Шкода” дар додситонии шаҳри Кӯлоб нигоҳ дошта мешавад. Мошин аз қисмати пеш осеб дидааст. Тафтишот дар ин самт рафта истодааст ва дақиқ хоҳад шуд, ки чӣ ҳодиса рух додааст?" - гуфтааст ин манбаъ.
Ин бори аввал нест, ки мошинҳои мансабдорон дар минтақаи Кӯлоб оташ мегирад. Дар дасти кам як ҳолат мақомот  қасдан оташ задани мошини мансабдорро тасдиқ кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.