расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “МК“: АЗ ҶОИ КОРИ ДУ КӮЧАРӮБИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БЕШ АЗ 9 КИЛО ҲЕРОИН ЁФТААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

“МК“: АЗ ҶОИ КОРИ ДУ КӮЧАРӮБИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БЕШ АЗ 9 КИЛО ҲЕРОИН ЁФТААНД

“МК“: АЗ ҶОИ КОРИ ДУ КӮЧАРӮБИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БЕШ АЗ 9 КИЛО ҲЕРОИН ЁФТААНД
Ду муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекарданд, бо иттиҳоми дар ҷои корашон нигоҳ доштани миқдори зиёди маводи мухаддир дастгир шудаанд.
Нашрияи “Московский комсомолец” (МК) рӯзи 21 декабри соли 2023 хабар дод, ки ин ду нафарро як рӯз қабл, яъне 20 декабр дар кӯчаи 4-уми Мякинино, воқеъ дар соҳили дарёи Москва дар шимолуғарби шаҳри Маскав дастгир кардаанд. Бино ба иттилои манобеи “МК”, дастгиршудаҳо 35 ва 37 сол дошта, дар яке аз корхонаҳои масъули рӯбучини кӯчаҳои ин минтақаи пойтахти Русия кор мекарданд ва маводи мухаддирро дар ҷои кори худ дар байни васоили кориашон (ҷорӯбу белу васоили дигар) пинҳон карда буданд.  “Кормандони мақомот аз анборе, ки ин ду кӯчарӯб дар онҷо васоили кории худро онҷо нишон медоштанд, 8 халтаи латтагиро бо ҳероин пайдо карданд. Вазни умумии маводи мухаддири ёфтшуда 9 килою 400 грамм будааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд“, - хабар додааст “МК“ бо такя ба манобеаш.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Маскав ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд. 
Маълум нест, ки ин бори мамнӯъ ба худи ин кӯчарӯбҳо тааллуқ дошт ваё шабакаҳои қочоқбари маводи мухаддир онҳоро маҷбур кардаанд, ки бори онҳоро дар ҷои кори худ пинҳон кунанд?
Аммо акнун ба ин ду кӯчарӯб барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани миқдори махсусан зиёди маводи мухаддир тибқи қонунҳои Русия то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.