расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ГУЗОРИШЕ ХЕЛЕ ШУНИДАНӢ ВА ХОНДАНӢ АЗ МӮЪМИНИ АҲМАДӢ ВА ТОҲИРИ САФАР ДАР ҶУСТУҶӮИ СИТОРАИ ГУМШУДА

Асосӣ / Ҷомеа

ГУЗОРИШЕ ХЕЛЕ ШУНИДАНӢ ВА ХОНДАНӢ АЗ МӮЪМИНИ АҲМАДӢ ВА ТОҲИРИ САФАР ДАР ҶУСТУҶӮИ СИТОРАИ ГУМШУДА

ГУЗОРИШЕ ХЕЛЕ ШУНИДАНӢ ВА ХОНДАНӢ АЗ МӮЪМИНИ АҲМАДӢ ВА ТОҲИРИ САФАР
ДАР ҶУСТУҶӮИ СИТОРАИ ГУМШУДА 
Сайёра Ғафурова, шаҳрванди Тоҷикистон, вале муқими Олмон, духтару наберагонашро меҷӯяд. Панҷ сол боз аз сарнавишти онҳо хабар надорад. Духтараш, Ситора Фозилова, соли 2015 ба Сурияи ҷангзада ва қисман зери назорати ДОИШ рафт ва аз соли 2018 пурра бедарак шуд.
Ситораву шавҳараш Саъдулло Толибов то соли 2015 дар Маскав буданд ва баҳори ҳамон сол дигар бедарак шуданд: "Ситора он вақт ҳомила буд. Писари калониям дар Русия буд. Он вақт дар артиши Русия қарор дошт. Як дафъа гуфт, ки Ситора дар Сурия аст. Аксҳояшро фиристод, либосҳои сиёҳ пӯшида буд, ростӣ ҳама ҷояш маҳкам буд. Вақте аксҳоро ба мо равон кард, дидем, тарсидам. Баъдан як дафъа Ситора худаш пайдо шуд. Дар Вотсап навишт, ки оча, ягон илоҷ биёб, маро аз ин ҷо барор. Моҳи октябр буд, баъди вафот кардани шавҳараш.”
 Саъдулло Толибов шавҳари Ситораро, ки ҳатто аксе ҳам аз ӯ намондааст, ду моҳ баъд аз расидан ба Сурия (соли 2015) дар шаҳри Табқа куштанд. 
Пас аз марги шавҳараш, сарнавишти Ситораро ҷангҷӯёни ДОИШ ё ҳамон мардоне ҳал карданд, ки мунтазир буданд, ягон ҳамсафашон кушта шавад, то зани ӯро бигиранд.
Сайёра Ғафурова гуфт: “Баъд бори дувум Ситора шавҳар кард. Он вақт соли 2016 буд. Як дафъа телефон кард ва гуфт, ки оча маро шавҳар доданд. Гуфтам, кист? Гуфт, Абу Довуд. Гуфтам, чӣ гуна одам аст? Гуфт, ки намедонам. Тоҷик, инсони хуб мисли дигарон. Гуфтам, ки Ситора, одами хуб Сурия намеравад, барои дигар касро ба қатл расондан..." Абу Довуд лақаби Парвиз Саидраҳмонов буд, яке аз мубаллиғони фаъоли тоҷики ДОИШ, ки бовар меравад, 200 нафарро фирефта ба сафи ин гуруҳ кашондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.