расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА ДАСТ АФТОДАНИ ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР НАЗДИ ТЕРМИНАЛИ “ДУШАНБЕ СИТИ” МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

БА ДАСТ АФТОДАНИ ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР НАЗДИ ТЕРМИНАЛИ “ДУШАНБЕ СИТИ” МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД (АКС)

БА ДАСТ АФТОДАНИ ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР НАЗДИ ТЕРМИНАЛИ “ДУШАНБЕ СИТИ” МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД (АКС)
РВКД ш. Душанбе рӯзи 3 декабри соли 2023 аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар назди терминали пулгузаронии бонки “Душанбе Сити” шаҳрвандонро фиреб медод.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиати як нафар сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ шаҳрванд Каримов Шодмон Тағоймуродович, санаи таваллудаш 06.06.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.  Худи Каримов барои шарҳи қазия дастрс нест, вале милитсия мегӯяд, “зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда бо роҳи фиреб маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ мекардааст. Аз ҷумла, Каримов Шодмон ҳангоми дар назди дастгоҳи худкори маблағгузаронии «Душанбе-ситӣ» қарор доштан, бо роҳи фиреб ба боварии як нафар сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи ба суратҳисобаш пардохт намудан, аз ӯ 2000 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст”.
 Милитсияи Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир, бо мақсади муайян намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда, парвандаи ӯ таҳти тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
  Аз шаҳрвандон низ хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби ин нафаре, ки дар акс дида мешавад, қарор гирифта бошанд, метавонанд ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.