расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ТОҶИКИСТОН КОСАХОНАИ САРИ УШТУРИ ДУЮНИММИЛЛИОНСОЛАРО ЁФТААНД (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ТОҶИКИСТОН КОСАХОНАИ САРИ УШТУРИ ДУЮНИММИЛЛИОНСОЛАРО ЁФТААНД (АКС)

ДАР ТОҶИКИСТОН КОСАХОНАИ САРИ УШТУРИ ДУЮНИММИЛЛИОНСОЛАРО ЁФТААНД (АКС)
Пойгоҳи интернетии Naked Science хабар дод, ки олимони палеонтолог аз Русияву Тоҷикистон дар мавзеи Қуруқсой дар наздикии минтақаи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон бозёфти нодир — косахонаи сари уштури  бостонии маъруф ба “уштури Трофимов”-ро пайдо кардаанд, ки 20 кило вазн ва тақрибан 2,5 миллион сол умр дорад. Ёфтани косахонаи сари комили уштури он даврони иютидои плейстотсен ҳодисаи бесобиқа буда, то кунун иттифоқ науфтода буд. Палеонтологҳо одатан ягон пораи косахонаи сар ё устухонпораҳои уштури бостониро пайдо мекарданд.
Баъди ширеш кардану бо плёнка печонидан, косахонаи сарро барои реставратсия ва таҳқиқ аз Тоҷикистон барои се сол ба Урал овардаанд. Баъди се сол онро бояд ба Тоҷикистон баргардонанд. Косахонаи сарро, ки ҳамроҳ бо хоку гили шахшуда дар дохилаш қариб 20 кило вазн дошт, дар бағочи дастӣ бурдаанд, чунки он метавонист дар роҳ осеб бинад. Бо ин вуҷуд, дар роҳ қисмати пеши косахонаи сар аз боқимондааш ҷудо шудааст. Олимон мегӯянд, косахонаи сари уштури бостонӣ дар худ маълумоти муҳими биологӣ дорад. Ҳам дар бораи онки он уштури бостонӣ чӣ ғизоеро мехӯрд? Ҳам дар бораи инки уштури наринаю модина чӣ қадар аз ҳам фарқ мекарданд? Ҳаҷми мағзи сараш чӣ қадар буд? Сари уштур бо гарданаш чӣ гуна васл мешуд? Ва монанди ин.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.