расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲУНАРНАМОИИ ОВОЗХОН ВА ШИРИНКОРИ ТОҶИК ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ (ВИДЕО)

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲУНАРНАМОИИ ОВОЗХОН ВА ШИРИНКОРИ ТОҶИК ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ (ВИДЕО)

ҲУНАРНАМОИИ ОВОЗХОН ВА ШИРИНКОРИ ТОҶИК ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ (ВИДЕО)
Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон, ки бо иҷрои таронаҳои шӯху тӯёна ном баровардааст, дар барномаи шоумени шуҳратёри рус Андрей Малахов “Песни от всей души” дар шабакаи телевизионии “Россия” иштирок ва ҳунарнамоӣ кардааст. Қарор аст, ин нашри барнома бо иштироки Қадами Қурбон рӯзи якшанбе, 29 октябри соли 2023, соати 17:50 ба вақти Маскав дар шабакаи “Россия” нашр шавад.
Видеоэълони барномаро рхӯзи 26 октябр Қадами Қурбон дар канали худаш дар Ютуб бознашр кард. 
Дар ин эълон порае аз таронаи шӯхи “Лики Лики” дар иҷрои Қадами Қурбон ва рақсидани ӯ дар иҳотаи духтарон намоиш дода шуда, Андрей Малахов овозхон ва ширинкори тоҷикро дар барномааш бо суханони баланди “”Қадами Қурбон –  ситораи Тоҷикистон!” муаррифӣ мекунад.
Ҳафтаи гузашта Қадами Қурбондар каналаш дар Ютуб эълон кард, ки бо як сафари ҳунарӣ ба Маскав меравад. Инак маълум шуд, ки ӯ барои иштирок дар барномаи Андрей Малахов рафтааст.
https://youtu.be/ezEMNW7Qz0M 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.