расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИДОРАИ ҶОСУСИИ ТУРКИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДАСТ АФТОДАНИ ЯК ОДАМИ ГУЛЕНРО ТАСДИҚ КАРД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

ИДОРАИ ҶОСУСИИ ТУРКИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДАСТ АФТОДАНИ ЯК ОДАМИ ГУЛЕНРО ТАСДИҚ КАРД

ИДОРАИ ҶОСУСИИ ТУРКИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДАСТ АФТОДАНИ ЯК ОДАМИ ГУЛЕНРО ТАСДИҚ КАРД
 Ташкилоти миллии истихбороти Туркия (Milli İstihbarat Teşkilatı, MİT) рӯзи 5 октябри соли 2023 бо нашри як акс алакай дар дасти онҳо қарор доштани узви фирории ташкилоти рӯҳонии дигарандеши турк Фатҳуллоҳ Гуленро тасдиқ кард. Гулен ва ташкилоти ӯ FETO дар Туркия ба даст доштан дар ташкили табаддулоти давлатии ноком дар соли 2016 айбдор мешаванд.
Хабари дар қаламрави Тоҷикистон ба даст афтодан ва алакай ба Туркия оварда шудани Корай Вуралро ба  хабаргузории давлатии Туркия “Анадолу” манобеаш дар ташкилоти ҷосусии ин кишвар тасдиқ карда, ҳамчун далел акси Вуралро ироа кардаанд, ки дар дастонаш завлона дар зери парчамҳои давлатии Туркия сабт шудааст.
Аммо ин манобеъ, ки ба сабаби маҳдуд шудани ҳаққи суҳбаташон бо матбуот ба шарти набурдани номашон суҳбат кардаанд, нагуфтаанд, ки Корай Вурал дар қаламрави Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дастгир ва бо риояи шеваҳои қонунӣ ба Туркия истирдод шуд ваё ӯро худи ташкилоти миллии истихбороти Туркия мустақилона дар ҳудуди Тоҷикистон таъқибу боздошт карда ва ба Туркия овардааст.
Расонаҳо қаблан бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ хабар дода буданд, ки Корай Вурал субҳи 17 сентябри соли 2023 бо ҳавопаймои ширкати “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” аз Душанбе ба Истанбул оварда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.