расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ӮЗБЕКИСТОН АЛАКАЙ ТО ПОЁНИ СОЛИ 2023 БА ИСТЕҲСОЛИ МОШИНҲОИ ТАМҒАИ “VOLKSWAGEN” ОҒОЗ МЕКУНАД

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

ӮЗБЕКИСТОН АЛАКАЙ ТО ПОЁНИ СОЛИ 2023 БА ИСТЕҲСОЛИ МОШИНҲОИ ТАМҒАИ “VOLKSWAGEN” ОҒОЗ МЕКУНАД

ӮЗБЕКИСТОН АЛАКАЙ ТО ПОЁНИ СОЛИ 2023 БА ИСТЕҲСОЛИ МОШИНҲОИ ТАМҒАИ “VOLKSWAGEN” ОҒОЗ МЕКУНАД
Бар асоси қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи рушди “иқтисоди сабз”, қарор аст, алакай то поёни соли 2023 дар корхонаи мошинсозии “Jizzakh Auto” ("Ҷиззах-ADM"), ки дар минтақаи озоди иқтисодии Ҷиззах ҷойгир шудааст, истеҳсоли мошинҳои машҳури олмонии тамғаи “Volkswagen”, асосан мошинҳои барқӣ ва ҳибрид ба роҳ монда шавад.Ҳанӯз маълум нест, ки истеҳсоли кадом навъҳои “Volkswagen” дар вилояти Ҷиззаҳ ба роҳ монда хоҳад шуд, вале гуфта мешавад, ки ҳисоб асосан рӯи мошинҳои барқӣ ва ҳибридӣ аст. Қаблан дар Ҷиззах ҷамъу басти мошини тамғаи “Volkswagen Caddy” ба роҳ монда шуда буд, вале баъди корхонаҳояшро дар Русия бастани ширкати олмонӣ “Jizzakh Auto” низ ҷамъу бастаи ин мошинҳоро бас кард, чунки қисмҳояш асосан аз корхонаҳои “Volkswagen” дар Русия меомад.
Ӯзбекистон бузургтарин истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, соли 2022 аз лиҳози шумораи мошинҳои истеҳсолкардааш ҳатто аз Русия пеш гузашт. Қарори маълум, Русия дар  тӯли даҳсолаҳо  дар даврони СССР ва баъд таъминкунандаи №1 дар бозори мошини ин паҳно ба шумор мерафт.Соли 2022 корхонаҳои корпоратсияи “UzAuto Motors” дар умум беш аз 300 ҳазор мошин истеҳсол карда, соли 2023 нақшаи тавлиди то 500 ҳазор воситаи нақлиётро дар сар доранд. Аммо аксари мошинҳои сохти Ӯзбекистон дар бозори худи ин кишвар фурӯхта мешаванд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.