расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти сокини Душанбе барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш

Асосӣ / Ҷомеа

Боздошти сокини Душанбе барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш

Ӯро пас аз пайдо шудани навори видео дар шабака боздошт намудаанд.

Кормандони милитсияи пойтахт сокини 42-солаи кӯчаи Пайрав Сулаймониро барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш боздошт намуданд.
Ширин Аламов баъди нашри навори видеои лату кӯб, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, боздошт гардид.
“Маълум шуд, ки шоми рӯзи 10 июн шаҳрванд Ширин Аламов дар маҳаллаи Сомон-2-и ноҳияи Фирдавсӣ писари ноболиғи бародари худро мавриди лату кӯб қарор медиҳад”, - зикр мешавад дар хабари сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, бародари номбурда айни замон дар хориҷи кишвар қарор дошта, аз ҳамсари худ ҷудо шудаааст ва ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи волидайнаш қарор доранд.
Дар бораи сабаби лату кӯби ноболиғ аз ҷониби Аламов хабар дода нашуда, танҳо зикр мегардад, ки аз рӯи ин қазия тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.
“Бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, - хабар медиҳад Раёсат.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.